DataLife Engine / «АВИАТСИЯИ ТОҶИКИСТОН» – МИНБАРИ ИТТИЛООТИИ РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

«АВИАТСИЯИ ТОҶИКИСТОН» – МИНБАРИ ИТТИЛООТИИ РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Бо ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2026 нахустин шумораи рӯзномаи соҳавии «Авиатсияи Тоҷикистон» аз чоп баромад. Нашри ин рӯзнома қадами муҳим дар самти таҳкими фазои иттилоотии соҳаи авиатсияи гражданӣ буда, барои инъикоси дастовардҳо, муаррифии имкониятҳои соҳа ва рушди ҳамкориҳои дохиливу байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Рӯзномаи «Авиатсияи Тоҷикистон» тибқи баррасии дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2025, таҳти №19/10-19, бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва табодули иттилоот байни сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа оид ба соҳа, муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, мубодилаи афкор ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ ва мутобиқи Низомномаи Агентӣ таъсис дода шудааст.

Ин нашрия ҳамчун минбари расмии иттилоотӣ фаъолияти мақомоти идоракунии соҳа, корхонаҳои авиатсионӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва дигар сохторҳои марбутро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, хонандаро аз муҳимтарин рӯйдодҳои соҳаи авиатсияи граждании кишвар ва ҷаҳон огоҳ месозад.

Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои таҳлилӣ, хабарҳои муҳими соҳавӣ, мусоҳибаҳо, гузоришҳо, шарҳу тавзеҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавод оид ба татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ҷой дода мешаванд. Ҳамзамон, тавассути ин нашрия дастовардҳои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба таври фарогир муаррифӣ гардида, таҷрибаи пешқадам ва навовариҳои соҳавӣ ба аҳли ҷомеа пешниҳод мешаванд.

Яке аз бартариҳои муҳими рӯзномаи «Авиатсияи Тоҷикистон» дар он аст, ки он на танҳо фаъолияти сохторҳои авиатсиониро инъикос мекунад, балки дар баланд бардоштани маърифати касбии мутахассисон, ҷалби ҷавонон ба соҳа, тарғиби фарҳанги истифодаи нақлиёти ҳавоӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории соҳаи авиатсияи мамлакат низ саҳми арзанда мегузорад.

Инчунин, рӯзнома дар муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, тавассути инъикоси имкониятҳои сайёҳии кишвар ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар шумораи нахустини рӯзнома маводи ҷолиб доир ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ифтитоҳи бинои маъмурии Фурудгоҳи Ховалинг ва дигар рӯйдодҳои муҳими соҳа ба нашр расидаанд, ки барои доираи васеи хонандагон аҳаммияти иттилоотӣ ва маърифатӣ доранд.

Боварӣ дорем, ки рӯзномаи «Авиатсияи Тоҷикистон» минбаъд ҳамчун оинаи воқеии фаъолияти соҳаи авиатсияи граждании мамлакат хизмат намуда, дар инъикоси дастовардҳо, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи авиатсияи Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Нашри чунин рӯзномаи соҳавӣ боз як иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҳамгироии бештари сохторҳои авиатсионӣ, муаррифии дастовардҳои миллӣ ва расонидани иттилои боэътимод ба ҷомеа аҳаммияти бузург дорад.

   

                                                  Сардори Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

                                                                              Ҳусниддин Холзода

Вчера, 15:57
Вернуться назад