DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар доираи марҳилаи навбатии лоиҳаи рушди «Urban Air Mobility», 24 июли соли 2026 дар шаҳри Остона бо истифода аз ҳавопаймои барқии парвозу фуруди амудӣ (eVTOL)-и «AutoFlight Prosperity», ки барои як сарнишин ва панҷ мусофир пешбинӣ шудааст, парвози намоишӣ баргузор гардид. Парвози намоиширо ширкати «Alatau Advance Air Group Ltd.»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолии «AutoFlight»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ намуд. Бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ, парвоз бе ҳузури мусофирон анҷом дода шуд.

***

Ширкати «Air Marakanda» аввалин ширкати хусусӣ дар таърихи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Узбекистон гардид, ки аудити «IATA Safety Audit for Ground Operations (ISAGO)»-ро бомуваффақият паси сар намуда, аз Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) аккредитатсия гирифт. Ширкат ҳамчунин соҳиби сертификати «IATA Enhanced GSE Recognition (AHM 900)» гардид, ки мутобиқати фаъолияти онро ба талаботи байналмилалӣ дар самти истифодаи таҷҳизоти фурудгоҳ тасдиқ мекунад.

***

Ифтитоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Аллури Ситарама Раҷу дар Бҳогапурами Ҳиндустон 1 августи соли 2026 пешбинӣ шудааст. Арзиши сохтмони фурудгоҳ тақрибан 550 миллион доллари ИМА (тақрибан 4 727 крор рупияи Ҳиндустон) буда, дар марҳилаи аввал барои хизматрасонӣ ба 6 миллион мусофир дар як сол тарҳрезӣ гардидааст. Дар марҳилаҳои баъдӣ иқтидори он то зиёда аз 40 миллион мусофир дар як сол васеъ карда мешавад.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Ҷумҳурии Қирғизистон парвоз анҷом медиҳанд, уҳдадоранд эълонҳоро барои мусофирон ба забони қирғизӣ низ пахш намоянд.

***

Бар асари раъду барқ дар Фурудгоҳи Валенсияи Ҷумҳурии Венесуэла, чор нафар аз ҳайати Гвардияи миллии Боливарӣ ва панҷ корманди хадамоти фурудгоҳ ҷароҳат бардоштанд.

***

Аз 31 июли соли 2026, ширкати «flydubai» парвозҳоро аз Фурудгоҳи байналмилалии Дубай ба Фурудгоҳи Будапешт барқарор менамояд.

***

Дар доираи маросими супоридани ҷоизаҳои «Civil Aviation Passenger Service Evaluation», ширкати «China Southern Airlines» сазовори се ҷоиза гардид, ки онҳо сатҳи баланди хизматрасонӣ, ташаббусҳои инноватсионӣ ва эътимоди баланди мусофиронро нисбат ба ширкат инъикос менамоянд.

***

Дар моҳи июли соли ҷорӣ ширкати «Etihad Airways» бо ширкатҳои «Fastjet Zimbabwe», «Air Peace» ва «Africa World Airlines» созишномаҳои шарикӣ ба имзо расонид. Ин созишномаҳо ҳамкории байни ширкатҳо, мубодилаи рамзҳо (codeshare) ва ҳамкориро дар самти ҳамлу нақли бор дар бар мегиранд.

***

Пас аз 14 сол ширкати «Air Zimbabwe» парвозҳоро ба Фурудгоҳи Гатвики Лондон барқарор намуд. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.

***

Ширкати «Virgin Australia» аз 7 декабри соли 2026 то 28 марти соли 2027 шумораи парвозҳоро дар масири Сидней – Доҳа то ду маротиба дар як рӯз зиёд менамояд.

***

Бо мақсади роҳандозии парвозҳои мунтазам ва чартерӣ, инчунин интиқоли бор ва почта аз нуқтаҳои берун аз Ҷумҳурии Қазоқистон, тавассути қаламрави он ва нуқтаҳои эҳтимолии миёнаравӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва берун аз он, ширкати «Air Astana» ба Департаменти нақлиёти ИМА (DOT) барои гирифтани иҷозатнома дархост ирсол намуд. Ширкат ҳамчунин ҳуқуқҳои васеи ҳамлу нақли борро тибқи созишномаи дуҷонибаи нақлиёти ҳавоӣ дархост кардааст.

***

Аз 26 октябри соли 2026, ширкати «Air New Zealand» ҳафтае се парвози рафтуомадро ба Фурудгоҳи байналмилалии Сиднейи Ғарбӣ (WSI) анҷом медиҳад ва аввалин ширкати ҳавопаймоии байналмилалӣ хоҳад буд, ки ба ин фурудгоҳ парвозҳоро роҳандозӣ менамояд.

***

Бо мақсади қонеъ намудани талаботи Британияи Кабир ба ҳавопаймоҳои омӯзишӣ, ҳавопаймои омӯзишии «Hurjet»-и ширкати «Turkish Aerospace» ҳамчун яке аз вариантҳои эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

***

Ширкати «Sky Fru»-и Ҷумҳурии Қирғизистон аз 5 августи соли ҷорӣ парвозҳои мустақими мунтазамро аз шаҳри Маскав (Фурудгоҳи Домодедово) ба шаҳри Бишкек оғоз менамояд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Airways Magazine, https://news.mail.ru/tag/306/, fl360aero, Flight Global, Aviation Source News, flydubai)

Сегодня, 13:44
Вернуться назад