21-уми июли соли 2026 дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Британияи Кабир байни ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва ширкати машҳури ҳавопаймоии «Airbus» Созишнома оид ба харидории чор адад ҳавопаймои навъи A320neo ба имзо расид.
Ин рӯйдоди муҳим барои ширкати «Shohin Airlines» марҳилаи нави рушди фаъолияти он ба ҳисоб рафта, нахустин фармоиши ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати «Airbus» дар таърихи ширкат мебошад.
Мувофиқи созишномаи баимзорасида, ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» соҳиби ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo хоҳад шуд. Ҳавопаймоҳои мазкур бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, барои навсозии парки ҳавоии ширкат, васеъ намудани самтҳои парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд кард.
Итминон дорем, ки ҳамкории нав бо ширкати «Airbus» барои рушди минбаъдаи ширкати «Shohin Airlines», таҳкими имкониятҳои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар харитаи авиатсионии байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам меорад.