Тибқи иттилои ширкати сармоягузории «One Investments»-и Дубай, нӯҳ ширкати бузургтарини ҳавопаймоии ҷаҳон дар соли молиявии гузашта дар маҷмӯъ 25,11 миллиард доллари ИМА даромади рекордии соф ба даст оварданд. Аз ҷумла, ширкати «Emirates» барои соли дуюм пай дар пай бо даромади холиси 5,4 миллиард доллари ИМА дар раддабандии ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҳама сердаромад мақоми аввалро ишғол намуд. Ширкати «Delta Air Lines» бо даромади 5 миллиард доллари ИМА дар ҷойи дуюм ва ширкати «United Airlines» бо 3,4 миллиард доллари ИМА дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Ба ин раддабандӣ инчунин ширкатҳои «Ryanair» бо даромади 2,26 миллиард евро (бо афзоиши 40-фоиза), «Turkish Airlines» бо тақрибан 2,4 миллиард доллари ИМА, «Singapore Airlines» бо 2,1 миллиард доллари ИМА, «Qatar Airways» бо 1,94 миллиард доллари ИМА, «Cathay Pacific» бо 1,27 миллиард доллари ИМА ва ширкати ҷопонии «ANA» бо тақрибан 1,1 миллиард доллари ИМА шомил гардиданд. Тибқи арзёбии «One Investments», дар соли 2025 хароҷот барои сӯзишвории авиатсионӣ тақрибан 25,8 фоизи тамоми хароҷоти амалиётии соҳаи авиатсияро ташкил додааст. Пас аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз, арзиши он аз 150 доллари ИМА барои як баррел боло рафт. Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) аллакай ҳушдор додааст, ки фоидаи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон дар соли ҷорӣ метавонад то ду баробар коҳиш ёбад.
***
Тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия, муҳлати амали низоми вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Федератсияи Россия то охири соли 2027 тамдид гардид.
***
16 июли соли 2026 ширкати «Air Astana» аввалин ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Қазоқистон гардид, ки соҳиби сертификати «DHL GoGreen Plus» шуд. Ин сертификат саҳми ширкатро дар коҳиш додани партовҳои вобаста ба логистикаи байналмилалӣ тавассути истифодаи сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) эътироф менамояд.
***
Ширкатҳои «Air Canada» ва «Airbus» аз оғози ҳамкории нав барои суръат бахшидан ба декарбонизатсияи соҳаи авиатсия тавассути таъсиси Платформаи муштараки сармоягузории устувор хабар доданд, ки барои рушди истеҳсоли сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) дар Канада пешбинӣ шудааст. Ду ширкат ният доранд, ки тавассути ин платформа то 13,7 миллион доллари Канада (тақрибан 10 миллион доллари ИМА ё 8,7 миллион евро) сармоягузорӣ намуда, рушди истеҳсоли тиҷоратии SAF-ро дар Канада дастгирӣ намоянд.
***
Ширкати «FlyArystan» парвозҳои нави байналмилалиро дар масири Алмаато – Чунтсин – Алмаато оғоз менамояд. Ин панҷумин самти парвозҳои ширкати мазкур ба Ҷумҳурии Мардумии Чин хоҳад буд.
***
17 июли соли равон ширкати «Nordwind Airlines» парвозҳои мустақимро дар масири Қазон – Тошканд оғоз намуд.
***
Ширкати «Air China» аз 12 августи соли 2026 аввалин парвози байналмилалии ҳавопаймои «Comac C919»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро анҷом медиҳад. Парвози мазкур дар масири Пекин – Улан-Батор амалӣ гардида, нахустин хатсайри мунтазами байналмилалии ин навъи ҳавопаймо хоҳад буд.
***
Ширкати «Mammoth» оғози азнавтаҷҳизкунии ҳавопаймоҳои Boeing 777-ро дар корхонаи «STAECO», воқеъ дар вилояти Шандонги Ҷумҳурии Мардумии Чин, пешбинӣ менамояд. Ин иқдом имкониятҳои модернизатсияи ширкатро дар Форт-Уэрт ва Манчестер боз ҳам васеъ хоҳад кард.
***
Ширкати «Loganair» барои харидории то 10 адад ҳавопаймои Alia CX300, ки барои ҳамлу нақли мусофирон ва бор пешбинӣ шудаанд, фармоиш дод. Ширкат ният дорад аввалин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Аврупо гардад, ки аз ҳавопаймоҳои пурра барқӣ истифода мебарад.
***
Ширкатҳои «CFM International» ва «IndiGo» Ёддошти тафоҳумро оид ба таъмини беш аз 1000 муҳаррики LEAP-1A барои 510 адад ҳавопаймои Airbus A320neo ба имзо расониданд.
***
Ширкати «Turkish Airlines» бо ширкати «CAE» қарордод оид ба харидории панҷ адад симулятори пурраи парвоз (FFS) ва ду адад дастгоҳи омӯзишии парвоз (FTD)-ро бо имкони харидории ду симулятори иловагӣ ба имзо расонид.
***
Ширкати «Eve» расман дархости худро барои оғози раванди гирифтани сертификати намуд (Type Certificate) ба Агентии аврупоии бехатарии авиатсия (EASA) пешниҳод намуд. Дар пайи ин, Агентии миллии авиатсияи граждании Бразилия машварати ҷамъиятиро оид ба меъёрҳои навшудаи қобилияти парвоз оғоз кард.
***
Ширкати «SMBC Aviation Capital» барои харидории 200 адад ҳавопаймо ба ширкатҳои «Boeing» ва «Airbus» фармоиш пешниҳод намуд.
***
Ширкатҳои «Boeing» ва «Philippine Airlines» шартнома оид ба харидории то 20 адад ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner-ро ба имзо расониданд.
***
(Манбаъ: Buying Business Travel Russia, Aviation Explorer, Simply Flying, Flight Global, Airways Magazine, FL360aero, Aviation Source News)