9 июли соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 65-уми Шӯрои байнидавлатии «Радионавигатсия» баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои ваколатдори Шӯро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» намояндагӣ намуд.
Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2023–2026-ро, ки 8 июли соли 2026 баргузор гардида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои байнидавлатии «Радионавигатсия» барои солҳои 2022–2025 тасдиқ гардида, масъалаҳои марбут ба таъмини иҷрои Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2027–2030, ҳамоҳангсозии ҳамгироии системаҳои иттилоотии автоматикунонидашудаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла «ЭРА-ГЛОНАСС» ва «ЭВАК», инчунин вазифаҳои Кумитаи байнидавлатии техникии «Радионавигатсия» (МТК 522) вобаста ба таҳияи пешниҳодҳо барои Барномаи байнидавлатии стандартизатсия дар соли 2027 баррасӣ шуданд.
Қарорҳои дар ҷаласа қабулгардида ба рушди минбаъда, таҳкими ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки инфрасохтори радионавигатсионии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона гардидаанд.
Тибқи қарори қабулшуда, ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии «Радионавигатсия» дар даҳрӯзаи аввали моҳи декабри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки 19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва ташкили Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2023–2026 ва ҷаласаи 64-уми Шӯрои байнидавлатии «Радионавигатсия» бомуваффақият баргузор гардида буданд. Баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд бори дигар нақши рӯзафзун ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди низоми аэронавигатсионии минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бозгӯ намуд.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»