DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар Фурудгоҳи миллии Минск мулоқоти директори генералии ширкати «Somon Air» бо директори генералии Фурудгоҳи миллии Минск баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим дар масири Минск – Душанбе, мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Аз моҳи июли соли ҷорӣ ширкати «Utair» шумораи парвозҳоро дар масири Сургут – Хуҷанд зиёд намуда, акнун дар як ҳафта се парвоз — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва шанбе — анҷом медиҳад.

***

Дар шаҳри Монреали Канада ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон бо иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва директори Бюрои нақлиёти ҳавоии ICAO (ATB) мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҳайати Қазоқистон фаъолияти Маркази навтаъсисро, ки яке аз аввалин ниҳодҳои махсусгардонидашуда дар байни кишварҳои ИДМ барои таҳқиқи садамаҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияҳои тавсияшудаи ICAO мебошад, инчунин нақшаҳои минбаъдаи онро муаррифӣ намуд.

***

Тибқи гузориши «SITA Impact Report 2025», соҳаи авиатсия бояд барои хизматрасонӣ ба 10 миллиард мусофир дар як сол то соли 2050 омодагӣ бинад. Дар гузориш таъкид шудааст, ки омили асосии чунин рушд технология хоҳад буд, на инфрасохтор.

***

Бар асари ба миён омадани мушкили техникӣ ҳангоми парвоз аз Бишкек ба Раззоқов, ҳавопаймои ширкати «Asman Airlines» ба фурудгоҳи парвоз баргашт. Тибқи иттилои ширкат, ҳавопаймо бехатар фуруд омадааст ва маълумоти муфассал оид ба ҳолати ба миёномада баъдан пешниҳод хоҳад шуд.

***

Бо сабаби ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои муваққатӣ дар истифодаи фазои ҳавоӣ дар вилояти Омск ва имконнопазирии таъмини ҷадвали устувори парвозҳо, ширкати «VIETJET QAZAQSTAN» парвозҳоро дар масири Остона – Омск – Остона аз 9 то 20 июли соли 2026 муваққатан қатъ менамояд.

***

Роҳбарияти ширкати «Uzbekistan Airports» бо намояндагони ширкати «Air China» мулоқот анҷом дода, масъалаҳои вобаста ба тавсеаи шабакаи парвозҳои ин ширкати чинӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

***

Аз 10 августи соли 2026 ширкати «Etihad Airways» парвозҳои мунтазами ҳаррӯзаро дар масири Абу-Дабӣ – Тошканд – Абу-Дабӣ оғоз менамояд.

***

Арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Федератсияи Россия ба таври назаррас афзоиш ёфта, 17 фоиз боло рафтааст.

***

Аз 21 сентябри соли 2026 ширкати «China Southern Airlines» парвозҳоро аз Деҳлӣ ба Сеул тавассути Гуанчжоу оғоз менамояд. Парвозҳо дар масири Деҳлӣ – Гуанчжоу ҳафт маротиба дар як ҳафта ва дар масири Гуанчжоу – Сеул 21 маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд.

***

Бо мақсади дастрас намудани се ҳавопаймои Boeing 777-300ERS, ки барои ҳамлу нақли бор таҷдид шудаанд, ширкати «AerCap» бо ширкати «China Southern Air Logistics» шартномаҳои иҷора ба имзо расонд. Тибқи ин шартномаҳо, таҳвили аввал моҳи октябри соли 2027, таҳвили дуюм дар семоҳаи якуми соли 2028 ва таҳвили сеюм дар семоҳаи дуюми соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/,  China Southern Airlines, Airways Magazine, Buying Business Travel Russia)

Сегодня, 10:00
Вернуться назад