Тибқи пешгӯии ниҳоии молиявии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) дар натиҷаи коҳиши талабот ва нокомиҳои амалиётӣ, нишондиҳандаҳои даромади ширкатҳои ҳавопаймоии Ховари Миёна кам мегардад. Интизор меравад, ки даромади умумии соҳа дар соли 2026 ба 1,165 триллион доллари ИМА (9,4% афзоиш нисбат ба 1,065 триллион доллар дар соли 2025) бирасад. Ҳамзамон шумораи мусофирон дар соли 2026 ба 5,1 миллиард нафар (2,4% зиёд нисбат ба соли 2025) ва ҳаҷми боркашонӣ дар соли 2026 ба 71,7 миллион тонна (0,2% зиёд нисбат ба соли 2025) пешбинӣ мегардад.
***
Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйхати сиёҳи бехатарии авиатсионии Иттиҳоди Аврупо хориҷ карда шуд. Ин қарор дар ҷаласаи Кумитаи бехатарии авиатсионии Иттиҳоди Аврупо (ASC), ки аз 19 то 21 майи соли 2026 баргузор гардид, қабул карда шуд. Қайд карда мешавад, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2006 шомили ин рӯйхат буд. Дар солҳои охир, дар Қирғизистон корҳои системавӣ барои ислоҳоти бахши авиатсияи гражданӣ, тақвияти назорати давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани низоми миллӣ ба стандартҳои байналмилалии ICAO роҳандозӣ гардиданд.
***
29 майи соли 2026 дар фурудгоҳи байналмилалии Қароқул маросими гузоштани санги “Time Capsule” барои оғози сохтмони манораи нави муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ баргузор шуд. Тибқи тарҳи техникӣ, манора 36 метр баландӣ дошта, аз нӯҳ ошёна иборат хоҳад буда. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, анҷоми корҳои сохтмони то 31 декабри соли 2026 идома хоҳад ёфт.
***
Бинобар баста шудани фазои ҳавоӣ дар қисми ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мақомоти авиатисонии ин кишвар ҳамаи парвозҳоро лағв намуданд.
***
Ширкати технологии Ҷумҳурии Мардумии Чин “Govy Technology” оғози фаъолияти таксиҳои ҳавоии тиҷоратиро дар соли 2027 пешбинӣ менамояд.
***
Мақомоти авиатсионии Аморати Муттаҳидаи Араб маҳдудиятҳои қаблан мавҷудбудаи парвозҳоро то 23 июни соли 2026 тамдид намуданд.
***
Аввалин парвози ширкати “Air Tanzania” ба Федератсияи Россия 2 июли соли 2026 пешбинӣ мегардад.
***
27 октябри соли 2026, ширкати “S7 Airlines” парвозҳоро дар масири Владивосток-Гуанчжоу оғоз менамояд.
***
Ширкатҳои “WestJet” ва “Icelandair” Созишномаи мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд.
***
Ширкати “Philippine Airlines” ба иттифоқи “Oneworld” ҳамроҳ шуд, ки барои авиатсияи Филипин як марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.
***
Ширкатҳои “Air Canada” ва “Abra Group” Ёддошти тафоҳум оид ба шарикии стратегӣ ва Созишномаи муштараки тиҷоратиро имзо намуданд.
***
Пас аз 8 соли таваққуф 6 июни соли 2026, ширкати “Delta Air Lines” расман парвозҳои мустақимро миёни Лос-Анҷелес ва Ҳонконг барқарор намуд.
***
7 июни соли 2026, ширкатҳои “Air India” ва “Thai Airways International” Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши ҳамкории амиқтар ва Созишнома оид ба мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд.
***
(Манбаъ: Somon Air, IATA, Buying Business Travel Russia, Aviation Explorer, Aviation Source News, Airways Magazine)