DataLife Engine / РАЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ: 81 СОЛИ ХИЗМАТ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО

РАЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ: 81 СОЛИ ХИЗМАТ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО

20 май аз таъсисёбии Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 81 сол пур мешавад. Ин сана барои кормандони соҳаи аэронавигатсияи кишвар ҳамчун рӯзи таърихӣ ва муҳим арзёбӣ гардида, таҷассумгари роҳи пурифтихори рушду ташаккули низоми идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми майи соли 1945 оғоз гардида, дар он давра ҳамчун “Хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ” фаъолият менамуд. Бо рушду тавсеаи авиатсияи гражданӣ ва афзоиши шумораи парвозҳо, зарурати такмили низоми идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ба миён омада, хадамоти мазкур марҳила ба марҳила рушд карда, ба Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ табдил ёфт.

Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ ва аэронавигатсия таҳти сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат дар соҳа ислоҳоти муҳиму созанда амалӣ шуда, барои мутобиқ намудани хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ба стандартҳои байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” имрӯз ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими стратегии кишвар дар таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ нақши калидӣ дорад. Бо дастгирии роҳбарияти корхона дар солҳои охир корҳои назаррас ҷиҳати навсозии таҷҳизоти техникию аэронавигатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва мутобиқсозии хизматрасониҳо ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) амалӣ гардидаанд.

Самараи чунин тадбирҳо имрӯз дар беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва болоравии нуфузи аэронавигатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баръало эҳсос мегардад. Кормандони Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо ҳисси баланди масъулият, донишу таҷрибаи касбӣ ва садоқат ба касб фаъолияти шабонарӯзӣ анҷом дода, баҳри таъмини осмони амну ороми кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

Имрӯз Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо такя ба таҷрибаи ғанӣ, мутахассисони соҳибкасб ва технологияҳои муосир фаъолияти худро баҳри таъмини бехатарӣ ва танзими ҳаракати ҳавоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар саҳми арзишманд мегузорад.

 

        Ҳусниддин Холзода

Сардори Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Вчера, 15:44
Вернуться назад