DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Тибқи иттилои агентии таҳлилии “OAG”, дар натиҷаи роҳандозии иқдомҳои инноватсионӣ дар самаранокии сӯзишворӣ, эътимоднокии муҳаррик ва тарҳрезии соддаи ҳавопаймоҳо дар тӯли 25 соли охир, давомнокии парвозҳои тиҷоратии дарозмӯҳлати аз ҳад зиёд қариб 15% афзоиш ёфт.

***

Ширкати “Emirates” сохтмони маҷмааи нави муҳандисии инноватсиониро бо арзиши 5,1 миллиард доллари ИМА дар Дубайи Ҷанубӣ расман оғоз намуд, ки лоиҳаи мазкур бузургтарин ва пешрафтатарин иншооти хизматрасонии техникӣ, таъмир ва таъмири пурраи техникаи авиатсионӣ дар ҷаҳон мегардад.

***

Ширкати  сайёҳии Миср “Travco Group” таъсиси ширкати хусусии ҳавопаймоии навро бо сармоягузории 150 миллион доллари ИМА пешбинӣ менамояд, ки ширкати нав фаъолияти худро моҳи ноябри соли 2026 оғоз менамояд.

***

Аз 17 декабри соли 2026, ширкати “Asiana Airlines” расман бо ширкати “Korean Air” муттаҳид шуда, фаъолияти худро таҳти бренди “Asiana Airlines” пурра қатъ менамояд.

***

Бо мақсади санҷиши имкониятҳои навигатсионӣ дар Арктика, ҳавопаймои Ил-114-300 дар наздикии Қутби Шимолӣ парвозҳоро анҷом дод.

***

Ширкати технологияи моҳворавӣ “Iridium Communications Inc.” харидории ширкати “Aireon LLC”, оператори ягонаи системаи идоракунии ҳаракати ҳавоии автоматии вобаста ба пахши кайҳонӣ (ADS-B) дар ҷаҳонро пурра ба анҷом расонид, ки ҳамчун таъминкунандаи системаи аэронавигатсионӣ, системаи идоракунандаи ҳаракати ҳавоиро аз кайҳон таҳия менамояд.

***

Ширкати “AirAsia” аввалин ҳавопаймои A321LR-и худро дастрас намуд.

***

Ширкати “QazaqGaz Aimaq” барои ошкор кардани ихроҷи газ аз дронҳо истифода хоҳад кард.

***

Ширкати “Turkish Airlines” аз 8 июни соли 2026 парвозҳои мустақимро миёни Истанбул ва Дубай барқарор менамояд.

***

Ширкати “Qatar Airways” аз моҳи июни соли 2026, парвозҳоро ба Сейшел ва Кигали барқарор намуда, аз 2 июли соли ҷорӣ парвозҳои ҳаррӯза ба Марракеш ва се парвози ҳафтаина ба Порт-Судан оғоз менамояд.

***

Ширкати “Turkish Airlines” бо “Cité de l’espace”, маркази пешбари фарҳанги кайҳон ва илмӣ дар Аврупо Созишномаи ҳамкориро имзо намуд, ки дар доираи ҳамкорӣ мутахассисони ҷавон тахассуси худро дар соҳаҳои илм ва авиатсия такмил медиҳанд.

***

20 майи соли 2026, ширкати “Delta Air Lines” расман аввалин парвози мустақимро аз ИМА ба Сардиния, Италия оғоз менамояд.

***

(Манбаъ: Aviation Source News, Buying Business Travel Russia, Flight Global, Airways Magazine, flydubai)

Вчера, 10:29
Вернуться назад