Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳо байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳо, ҳамзамон кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро муҳокима намуданд.
Дар раванди вохӯрӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср ба имзо расонида шуд.
Агентии авиатсияи гражданӣ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро барои ташкили парвозҳои доимӣ дар самти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо шаҳрҳои сайёҳии Шарм Ал Шайх ва Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ва ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir ба роҳ монад.
Ташкили парвозҳо байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои сайёҳии Арабии Миср имкон медиҳад, ки рафту омади сайёҳон дар ҳарду ҷониб осон гардида, ба рушди сайёҳӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намояд.
Агентии авиатсияи гражданӣ нақша дорад, ки ҳамкории судмандро бо дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёд намуда, обрую нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорад.
Хотиррасон мешавем, ки ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir бо даъвати ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардаанд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон