DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Аз 27 то 29 майи соли 2026 Форуми 4-уми машваратчиёни ҳуқуқии авиатсияи граждании ICAO (ICAO Civil Aviation Legal Advisers Forum) дар Ҷазираҳои Боҳама баргузор мегардад, ки дар он ҳуқуқшиносон, мақомоти танзимкунанда ва коршиносони пешбари соҳа аз саросари ҷаҳон иштирок менамоянд. Дар доираи форуми мазкур диққати асосии мутахассисон ба ташаккули ояндаи қонунгузории авиатсия равона карда мешавад.

***

Мақомоти авиатсионии Кувайт ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии таъхирҳои эҳтимолӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳо ба ин кишвар дар ҳавопаймоҳо захираи кофии сӯзишворӣ пешбинӣ намоянд.

***

Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии нави “Anka Air” аз шаҳри Уфа ба Анталия анҷом дода шуд.

***

9 майи соли 2026, ширкати “Belavia” парвозҳоро ба самти Махачқалъа барқарор намуд. Ҳамчунин, аз 2 июни соли ҷорӣ ширкати мазкур парвозҳоро аз Минск ба Махачқалъа оғоз менамояд.

***

Мутахассисони “Uzbekistan Airways Technics” озмоиши мураккаби муҳаррики Boeing 787 Dreamliner-ро таҳти назорати қатъии мутахассисони “General Electric Corporation” бомуваффақият анҷом доданд. Барои ноил гардидан ба ин пешрафти технологӣ, дастаи мутахассисони ширкати мазкур омӯзишҳои заруриро гузашта, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.

***

Ширкати “Air India” парвози мустақими навро ба шаҳри Ханой оғоз намуд, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

***

7 майи соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд хизматрасонии “Fast Track” роҳандозӣ гардид, ки барои суръат бахшидан ба расмиёти фурудгоҳӣ барои мусофирони парвозҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

***

Дар КВД Маркази “Узаэронавигатсия” бори аввал низоми муосири назорат дар асоси технологияҳои ADS-B ва MLAT таҳия ва ҷорӣ гардид. Маҷмааи нав назорати ҳаракати ҳавоиро дар водии Фарғона тақвият дода, қадами муҳим дар самти навсозии инфрасохтори авиатсионӣ ба ҳисоб меравад.

***

Ширкати “Oman Air” дар доираи иттиҳоди “oneworld” имзои созишномаҳои нави мубодилаи рамзҳоро бо ширкатҳои “Finnair”, “Cathay Pacific”, “Japan Airlines” ва “Qantas” дар соли 2026 ба нақша гирифтааст.

***

8 майи соли 2026 ҳавопаймои Airbus A321-и ширкати “Frontier Airlines” бо марде бархӯрд намуд, ки аз болои девор гузашта, пиёда хатти парвозу фурудро убур мекард. Дар натиҷаи ҳодиса мард ба ҳалокат расид.

***

11 майи соли 2026 дар ҳавопаймои Airbus A330-и ширкати “Turkish Airlines”, ки парвози мунтазамро байни фурудгоҳи Истанбул ва Фурудгоҳи байналмилалии Трибхуван (Непал) анҷом медод, ҳангоми фуруд сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа 288 нафар фавран наҷот дода шуданд.

***

10 майи соли равон ширкати “Royal Jordanian Airlines” аввалин парвозро аз Фурудгоҳи байналмилалии Малика Алиё ба Фурудгоҳи байналмилалии Даллас/Форт-Уэрт анҷом дод.

***

Ширкати “Lufthansa Group” 20 адад ҳавопаймои нави Airbus ва Boeing-ро ба маблағи 7,7 миллиард доллари ИМА фармоиш дод.

***

Аз 22 июли соли 2026 ширкати “Qatar Airways” парвозҳои навро ба шаҳрҳои Каракас (Венесуэла) ва Богота (Колумбия) оғоз менамояд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Simply Flying, Aviation A2Z, Uzbekistan Airways, КВД Маркази “Узаэронавигатсия”, Airways, https://news.mail.ru/tag/306/)

Сегодня, 11:18
Вернуться назад