DataLife Engine / НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Забони давлатӣ яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ҳастӣ ва ҳувияти ҳар як миллатро муаррифӣ менамояд. Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон тӯли ҳазорсолаҳо таърих, фарҳанг, илму маърифат ва тамаддуни миллати тоҷикро ҳифз намуда, то ба имрӯз бо шукӯҳу асолати худ побарҷо мондааст.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми давлатӣ ва истифодаи дурусти он дар тамоми соҳаҳои ҷомеа заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ дар ҳамаи сохтору муассисаҳо мавқеи шоиста дорад.

Дар ин замина, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” фаъолияти худро ҷиҳати риояи меъёрҳои забони адабӣ, дурустии ҳуҷҷатнигорӣ, покизагии забон ва баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ ба роҳ мондааст.

Коргузорӣ бо забони давлатӣ, истифодаи дурусти истилоҳот, риояи меъёрҳои имло ва тарғиби забони ноби тоҷикӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти комиссия ба ҳисоб меравад. Зеро забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи фарҳанг, маънавиёт ва сатҳи ҷаҳонбинии ҷомеа мебошад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯст вазифадор аст, ки ба забони давлатӣ эҳтиром гузошта, барои ҳифз ва рушди он саҳмгузор бошад. Пос доштани забони модарӣ — пос доштани таърих, фарҳанг ва асолати миллӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати забони тоҷикӣ боз ҳам боло рафта, барои рушду густариши он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Забони давлатӣ мояи ифтихори миллӣ ва яке аз рукнҳои муҳими давлатдории тоҷикон аст. Аз ин рӯ, ҳифз, эҳтиром ва истифодаи дурусти он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.


      Ҳусниддин Холзода

Сардори Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия

Сегодня, 11:48
Вернуться назад