Натиҷаҳои таҳқиқоти ширкати “Airport Dimensions”, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳо дар фурудгоҳҳо машғул аст, нишон доданд, ки 77 дарсади мусофирон дар саросари ҷаҳон хоҳони дастрасии бештари роҳҳалҳои рақамӣ дар фурудгоҳҳо мебошанд. Ҳамзамон, 30 дарсад қайд намудаанд, ки чунин платформаҳо онҳоро ба хароҷоти бештар ташвиқ мекунанд. Дар ин пурсиш беш аз 11 000 сайёҳ иштирок намуданд. Ба гуфтаи таҳлилгарони “Airport Dimensions”, хизматрасониҳои рақамӣ махсусан дар бозорҳои босуръат рушдёбандаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Индонезия, Ветнам ва Арабистони Саудӣ талаботи зиёд доранд.
***
15 июни соли 2026 парвозҳои тиҷоратӣ аз Фурудгоҳи нави байналмилалии Нойдаи Ҳиндустон оғоз мегарданд. Парвози нахустинро ширкати “IndiGo” анҷом дода, баъдан ширкатҳои “Akasa Air” ва “Air India Express” низ ба он ҳамроҳ мешаванд.
***
Ҳукумати Федератсияи Россия қоидаҳои мубодила ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронии боркашонии ҳавоӣ, роҳи оҳан ва дигар ҳуҷҷатҳои интиқолиро ба Низоми иттилоотии давлатии ҳуҷҷатҳои электронии нақлиётӣ тасдиқ намуд. Ин иқдом ба баланд бардоштани рақобатпазирӣ, самаранокӣ, шаффофият ва амнияти соҳаи логистика мусоидат мекунад.
***
Ширкати “Air France” тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймоҳои навъи Airbus A350 ва Boeing 777-и худро бо таҷҳизоти муҳофизатии зидди халалрасонии GPS — қабулкунаки бисёррежимӣ (MMR) аз ширкати амрикоии “Collins Aerospace” муҷаҳҳаз намояд. Тибқи нақша, 14 ҳавопаймои Airbus A350 аз охири соли 2026 то аввали соли 2027 ва 60 ҳавопаймои Boeing 777 то соли 2027 бо ин таҷҳизот таъмин мегарданд.
***
Ширкати “Air Arabia” хатсайри навро байни Абу-Дабӣ ва Аммон оғоз намуд, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.
***
Ширкати “FlyOne Armenia” парвозҳои мустақимро байни Гюмрӣ ва Сочӣ ба роҳ монд.
***
1 майи соли 2026, ширкати “Air India” бо оғоз намудани парвозҳои мустақим ба Ханой дар густариши фаъолияти худ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қадами муҳим гузошт.
***
Бо мақсади таъмин намудани дастрасии хизматрасонии Wi-Fi дар ҳавопаймоҳо, ширкати “Singapore Airlines” бо ширкати “Starlink” ҳамкорӣ менамояд. Насби таҷҳизот марҳила ба марҳила аз семоҳаи аввали соли 2027 оғоз гардида, интизор меравад то охири соли 2029 ба анҷом расад.
***
Бо мақсади харидории 20 ҳавопаймо, Аморати Муттаҳидаи Араб бо ширкати “Embraer” созишнома ба имзо расонид.
***
Аз 2 июни соли ҷорӣ ширкати “Air Astana” парвозҳоро аз Алмаато ба Батуми оғоз менамояд. Ҳамзамон, аз 27 майи соли 2026, ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳои мавсимиро байни Тошканд ва Батуми барқарор мекунад.
***
Дар Ҷопон дронҳои картонӣ бо номи AirKamuy 150 таҳия шуда, айни замон дар марҳилаи озмоиш қарор доранд. Арзиши онҳо тақрибан 2500 доллари ИМА мебошад. Ин мавод нисбат ба металл камтар мавҷҳои радариро инъикос мекунад, ки ошкорсозии онҳоро дар баъзе ҳолатҳо мушкил мегардонад. Дронҳои мазкур аллакай ҳамчун ҳадафҳои ҳавоӣ ба Нерӯҳои худмудофиаи Ҷопон дар баҳр супорида шудаанд.
***
Аз 3 июни соли 2026, ширкати “Россия” парвозҳои мустақимро байни Санкт-Петербург ва Остона барқарор менамояд. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.
***