DataLife Engine / ТАҲКИМИ ҲАМОҲАНГИИ СОҲАВӢ – ОМИЛИ КАЛИДИИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ДАР МАВСИМИ БАҲОРУ ТОБИСТОН

ТАҲКИМИ ҲАМОҲАНГИИ СОҲАВӢ – ОМИЛИ КАЛИДИИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ДАР МАВСИМИ БАҲОРУ ТОБИСТОН

27-уми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” конфронси техникии соҳавӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои таркибии корхона ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баргузор гардид.

 

Ҳамоиши мазкур, ки ба мавсими масъулиятноки баҳору тобистони соли 2026 рост меояд, ба баррасии масъалаҳои калидии таъмини бехатарии парвозҳо ва таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбут бахшида шуд. Дар ҷараёни конфронс мутахассисон доир ба самтҳои муҳими хизматрасонӣ – аз ҷумла таъминоти барқӣ, хизматрасонии техникӣ, назорати метеорологӣ ва дигар бахшҳои муҳими инфрасохтори фурудгоҳ – табодули таҷриба ва андешаҳо анҷом доданд.

 

Таъкид гардид, ки дар шароити афзоиши шиддати парвозҳо дар ин мавсим, ҳамоҳангии дақиқи фаъолияти тамоми сохторҳои дахлдор нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз чунин нишастҳои касбӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд, то масъалаҳои мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, барои пешгирии ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Иштирокчиён изҳор доштанд, ки мубодилаи таҷрибаи амалӣ ва донишҳои соҳавӣ яке аз василаҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дар соҳаи авиатсия мебошад. Зеро танҳо тавассути ҳамкории зич ва муносибати масъулона метавон хавфҳои эҳтимолиро коҳиш дода, эътимоди мусофиронро ба низоми парвозҳо тақвият бахшид.

Қобили зикр аст, ки дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати таъмини хизматрасонии босифату боэътимоди аэронавигатсионӣ барои мавсими баҳору тобистони соли 2026 нақшаи мукаммали чорабиниҳо таҳия гардида, татбиқи он зери назорати доимӣ қарор дорад.

 

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Сегодня, 15:47
Вернуться назад