DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

20 апрели соли 2026, фурудгоҳҳои Меҳробод ва Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон фаъолияти худро аз нав барқарор намуданд. Барқарорсозии фаъолияти фурудгоҳҳои даҳ шаҳри дигари Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Кирмоншоҳ, Рашт, Шероз, Язд ва Зоҳидон, рӯзи шанбе – 25 апрели соли 2026 – дар назар дошта шудааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ барои анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳҳои қисман барқароршуда бояд аз мақомоти авиатсионии Эрон иҷозатномаҳои нав дархост намоянд.

***

Мақомоти авиатсионии Ироқ як қатор талаботро барои анҷом додани парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии кишвар ҷорӣ намуданд. Аз ҷумла, экипажҳо уҳдадоранд на камтар аз 10 дақиқа пеш аз вуруди банақшагирифташуда ба фазои ҳавоии Ироқ огоҳӣ диҳанд, инчунин на камтар аз 10 дақиқа пеш аз тарки фазои ҳавоии кишвар бо танзимгарони ҳаракати ҳавоии давлатҳои ҳамсоя тамос барқарор намоянд. Илова бар ин, экипажҳо бояд мунтазам оид ба мавқеи худ иттилоъ пешниҳод кунанд.

***

Тибқи изҳороти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), бинобар норасоии сӯзишвории авиатсионӣ, то охири моҳи майи соли ҷорӣ эҳтимоли лағви як қатор парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ вуҷуд дорад.

***

Ширкати “Air Astana Group” дуюмин симулятори пуррафунксионалиро дар Маркази омӯзишии ширкати ҳавопаймоии “Air Astana” мавриди истифода қарор дод, ки имкониятҳои омӯзишии ҳайати парвозиро дар ҳавопаймоҳои навъи “Airbus” боз ҳам васеъ менамояд. Симулятори нави “Reality7e”, ки аз ҷониби ширкати “Acron Aviation” таҳия шудааст, то шаш дараҷаи озодиро бо сатҳи баланди воқеият таҷассум мекунад. Он бо истифода аз маълумоти фаровони парвоз хусусиятҳои аэродинамикӣ, системаҳои идоракунӣ ва амалиёти заминии ҳавопаймоҳоро дақиқ тақлид намуда, шароити воқеии омӯзишро фароҳам месозад.

***

14 апрели соли 2026 ширкати “Vertical Aerospace”-и Британияи Кабир аввалин парвози гузариши дуҷонибаи идорашавандаро дар ҷаҳон бо ҳавопаймои пурраи конвертоплани eVTOL таҳти назорати мақомоти танзимкунандаи авиатсияи гражданӣ анҷом дод.

***

17 апрели соли 2026, ширкати “Etihad Airways” эълон намуд, ки бо роҳандозии шаш самти нави парвоз ҳузури худро дар қитъаи Африқо густариш медиҳад. Парвозҳо аз шаҳри Абу-Дабӣ ба кишварҳои Гана, Эритрея, Зимбабве, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Нигерия ба нақша гирифта шудаанд.

***

Ширкати “Bombardier” ва ширкати хусусии иҷораи ҳавопаймоҳо “Vista” созишномаи хизматрасониро ба маблағи 300 миллион доллари ИМА ба имзо расониданд, ки он ҳам парки мавҷуда ва ҳам парки ояндаи ҳавопаймоҳои навъи Challenger 3500-ро дар бар мегирад.

***

Ширкати “CFM International” бо ширкати “International Airlines Group” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки тибқи он гурӯҳи авиатсионии аврупоӣ бо муҳаррикҳои навъи LEAP-1A ва LEAP-1B таъмин карда мешавад.

***

Ширкати “Riyadh Air” расман оғози парвозҳоро ба се самт – Ҷидда, Мадрид ва Манчестер эълон намуд.

***

Бо мақсади таҳкими тиҷорат, рушди сайёҳӣ ва густариши ҳамкориҳои саноатӣ миёни Осиёи Ҷанубӣ ва Африқо, ширкати “Ethiopian Airlines” оғози парвозҳоро ба шаҳри Лоҳур дар назар дорад.

***

Дар шаҳри Дубай нахустин истгоҳи таксиҳои ҳавоӣ дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Дубай мавриди истифода қарор дода шуд, ки ҳамчун маркази асосии амалиёти таксиҳои ҳавоии навъи eVTOL хизмат хоҳад кард.

***

16 апрели соли 2026 дар шаҳри Пекин ширкатҳои “Vietjet” ва “SPDB Financial Leasing” созишнома оид ба иҷораи молиявии 10 адад ҳавопаймои минтақавии навъи COMAC C909-ро ба имзо расониданд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, AeroTime, Aviation A2Z, Flight Global)  

Сегодня, 11:03
Вернуться назад