Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ин сиёсати дурбинона ва бунёдкорона идомаи мантиқии талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати таҳкими пояҳои иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Маҳз бо роҳнамоӣ ва иқдомҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар солҳои охир дар саросари кишвар даҳҳо ва садҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин корхонаҳо на танҳо иқтидори истеҳсолии мамлакатро афзоиш доданд, балки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар ба рушди саноат нишон медиҳад, ки ояндаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари саноатӣ бо қадамҳои устувор бунёд мегардад.
Таъкидҳои Пешвои миллат дар самти истифодаи технологияҳои муосир низ аз сиёсати пешрафта ва мутобиқ ба талаботи замони муосир дарак медиҳад. Бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, корхонаҳо тадриҷан бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, раванди истеҳсолот ба сатҳи нав бардошта мешавад. Ин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки маҳсулоти ватанӣ рақобатпазир гардида, дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намояд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Бо фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, имкониятҳои васеъ барои рушди бахши хусусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин сиёсати созанда боис гардидааст, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ дар рушду пешрафти иқтисоди миллӣ нақши муҳим дошта бошанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати оқилона, иродаи қавӣ ва меҳнати шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муҳтарам Президент бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ тамоми саъю талоши худро ба рушди устувори кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона намудаанд.
Саноатикунонии босуръат, ки имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ татбиқ мегардад, самараи ҳамин талошҳои пайгирона мебошад. Ин раванд Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушд ворид намуда, барои наслҳои оянда заминаи боэътимоди иқтисодӣ фароҳам месозад.
Бо чунин роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда, метавон бо итминон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ қадамҳои устувор мегузорад ва ояндаи дурахшони он таъмин мебошад.
Ҳусниддин Холзода сардори
Маркази матбуоти
КВД “ Тоҷикаэронавигатсия”