DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Шӯрои байналмилалии фурудгоҳҳои Аврупо (ACI Europe) ба Комиссияи Аврупо нома ирсол намуда, ҳушдор додааст, ки норасоии сӯзишворӣ метавонад ба иқтисоди Аврупо зарари назаррас расонад ва таъсири макроиқтисодии болоравии нархи нафтро боз ҳам шадидтар намояд. Ҳамзамон, ACI Europe аз комиссарони соҳаҳои нақлиёт ва энергетика даъват кардааст, ки назорати фавриро бар дастрасӣ ва таъминоти сӯзишвории авиатсионӣ таъмин намоянд.

***

12 апрели соли 2026, дар натиҷаи мушкилоти техникии Системаи нави вуруд ва хуруҷи Иттиҳоди Аврупо (EES) ҳангоми бақайдгирии мусофирон, ҳавопаймои ширкати “EasyJet” аз фурудгоҳи Милан-Линате ба фурудгоҳи Манчестер ҳамагӣ бо 34 нафар мусофир парвоз намуд. Боқимонда 122 нафар мусофир, ки дар навбатҳои тӯлонӣ қарор доштанд, маҷбур шуданд бо роҳҳои дигар ба манзили худ баргарданд, ки ин ҳолат барои онҳо мушкилоти ҷиддии молиявӣ ба миён овард.

***

Ширкати “Qatar Airways” эълон намудааст, ки агар парвози банақшагирифташудаи мусофирон то 15 июни соли 2026 ба таъхир афтода ё бекор карда шуда бошад ва онҳо фармоиши тасдиқшуда дошта бошанд, метавонанд аз имконияти тағйири ройгони санаи сафар то 31 октябри соли 2026 истифода баранд. Ин имконият ҳангоми аз нав бақайдгирии парвозҳо, вобаста ба мавҷудияти ҷойҳо ва фарқиятҳои мавсимии нархҳо, татбиқ мегардад.

***

Федератсияи Россия ва Муғулистон ният доранд протоколи иловагиро ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таъмини сӯзишвории авиатсионӣ ба имзо расонанд.

***

Ширкати “Etihad Airways” дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ парвозҳои ҳаррӯзаро ба фурудгоҳи Шанхай-Пудун оғоз намуда, инчунин дар моҳи марти соли 2027 роҳандозии парвозҳоро ба шаҳрҳои Гуанчжоу, Ханчжоу, Шандун ва Ченду дар назар дорад.

***

Ширкати “Hindustan Aeronautics” чор адад чархболи сабуки “Dhruv Advanced Mk III”-ро ба Гвардияи соҳилии Ҳиндустон таҳвил додааст.

***

Ширкати “Virgin Atlantic” ният дорад аз моҳи майи соли 2026 насби Wi-Fi-и ширкати “Starlink”-ро дар ҳавопаймоҳои Airbus A350 оғоз намояд.

***

13 апрели соли 2026, ширкати “Air India” дар доираи барномаи навсозии флоти худ аввалин ҳавопаймои пурра таҷдидгардидаи Boeing 787-8 Dreamliner-ро аз Калифорния ба Деҳлӣ интиқол дод.

***

Ширкати “SCAT Airlines” аз моҳи июн то августи соли 2026 парвозҳоро аз Балхаш ба Алмаато ва Остона роҳандозӣ менамояд. Парвозҳо ба Алмаато панҷ маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд.

***

Ширкатҳои “T'way Air” ва “Air Busan” шумораи парвозҳоро ба Таиланд коҳиш дода, ҳамзамон бо сабаби болоравии нархи сӯзишвории авиатсионӣ иловапулиҳоро зиёд менамоянд.

***

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, интиқоли мусофирон тавассути фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон ба самти Осиё дар моҳи марти соли ҷорӣ 31 фоиз афзоиш ёфт.

***

Ширкати “Dubai Airports” ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро огоҳ намудааст, ки аз 20 апрел то 31 майи соли ҷорӣ парвозҳо ба фурудгоҳҳои аморат танҳо ба як парвоз дар як рӯз маҳдуд карда мешаванд.

***

Бинобар анҷомёбии корҳои таъмирии хатти парвозу фуруд дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев, аз 15 апрел то 31 майи соли 2026 аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз муҳлати муқарраршуда ба фурудгоҳ ҳозир шаванд.

***

Ширкати “Air Astana” парвозҳои мустақимро миёни Алмаато ва Шанхай оғоз намуд, ки дар як ҳафта се маротиба анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон, аз 2 июни соли 2026 ширкат ният дорад ду парвоз дар як ҳафта миёни Остона ва Гуанчжоуро роҳандозӣ намояд.

***

(Манбаъ: Business Travel Russia, Aviation Explorer, Aviation A2Z, Simple flying, Aviation Source News, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)

14 апр
Вернуться назад