DataLife Engine / АЗ КОҒАЗ ТО РАҚАМ: ИНҚИЛОБИ НАВ ДАР САЁҲАТИ ҲАВОӢ

АЗ КОҒАЗ ТО РАҚАМ: ИНҚИЛОБИ НАВ ДАР САЁҲАТИ ҲАВОӢ

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) натиҷаҳои якчанд лоиҳаҳои озмоишии муайянкунии рақамиро, ки бо дастгирии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, таъминкунандагони технология ва кишварҳои Аврупо, Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором амалӣ гардидаанд, нашр намуд.

Натиҷаҳои ин лоиҳаҳо нишон медиҳанд, ки сафари байналмилалии бетамос (бесконтактӣ) бо истифода аз маълумоти биометрӣ аллакай имконпазир аст. Ин раванд метавонад муайянкунии шахсиятро тавассути ҳуҷҷатҳои коғазӣ бо ҳуҷҷатҳои рақамӣ иваз намояд.

Дар доираи барномаи шарикии стратегии IATA, иштирокчиён имконияти истифодаи муайянкунии рақамии шахсиятро, ки дар ҳамёнҳои мобилӣ нигоҳ дошта мешавад ва тавассути тасдиқи биометрӣ амалӣ мегардад, мавриди санҷиш қарор доданд. Ин усул имкон медиҳад, ки мусофирон бидуни пешниҳоди такрории ҳуҷҷатҳои коғазӣ сафари бефосила анҷом диҳанд.

Қобили зикр аст, ки прототипҳои пешниҳодшуда сатҳи баланди мутобиқатро барои дастгирии сафари бетамос миёни интиқолдиҳандагони гуногун ва истифодаи ҳамёнҳои рақамии мухталиф нишон доданд. Аз ҷумла, ID-и рақамӣ дар Apple Wallet барои дорандагони шиносномаи ИМА, Google ID Pass барои дорандагони шиносномаҳои Британияи Кабир ва ИМА, инчунин барномаҳои миллии шахсияти рақамӣ, ба мисли Digi Yatra-и Ҳиндустон, истифода гардиданд. Ин имконият фароҳам меорад, ки мусофирон маълумоти шахсии худро пешакӣ ва бо риояи талаботи амниятӣ мубодила намоянд.

Прототипҳо дар асоси Дастурамали сафари бетамоси IATA, стандарти One ID ва стандартҳои байналмилалии ISO, OpenID ва W3C таҳия шудаанд.

Ба гуфтаи директори генералии IATA Вилли Уолш:

“Мо исбот кардем, ки шиносномаи рақамӣ барои сафарҳои байналмилалӣ бехатар ва самаранок мебошад. Барои истифодаи васеи ин имконият, кишварҳо бояд раванди ҷорӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои рақамии сафар (DTC) – намунаҳои рақамии амни шиносномаҳо –ро суръат бахшанд. Ин раванд амният, бефосилагӣ ва самаранокии сафарро баланд мебардорад”.

Натиҷаҳои асосии лоиҳаҳои пилотӣ:

Ҳалли рақамии муайянкунии шахсият дар асоси ҳамёнҳои электронӣ дар муҳити воқеии ширкатҳои ҳавопаймоӣ бомуваффақият истифода шуд;

Маълумоти шахсӣ бо розигии корбар метавонад пешакӣ ва ба таври бехатар интиқол дода шавад, ки имкон медиҳад санҷишҳо пеш аз сафар анҷом ёбанд;

Тасдиқи биометрӣ метавонад санҷиши дастии ҳуҷҷатҳои коғазиро дар нуқтаҳои назорати амниятӣ иваз намояд;

Истифодаи ID-и ягона дар тамоми раванд таҷрибаи бефосила ва бетамосро таъмин мекунад;

Ҳамкории байнисистемавӣ дар сатҳи байналмилалӣ имконпазир буда, ҳамоҳангии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд.

Аз озмоиш то татбиқи ҷаҳонӣ

Лоиҳаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки мусофирон метавонанд бо истифода аз шиносномаи рақамӣ танҳо маълумоти заруриро мубодила намуда, пешакӣ дар система сабти ном шаванд ва дар фурудгоҳ тавассути биометрия аз назорат гузаранд. Ин имкон медиҳад, ки сафар бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои коғазӣ анҷом дода шавад.

Барои татбиқи чунин низом дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамоҳангии ҳукуматҳо дар се самти асосӣ зарур аст:

Омодагӣ барои дастрасӣ: таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалиётӣ барои ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои рақамии сафар (DTC);

Омодагӣ барои қабул: мутобиқсозии низомҳои назорати марзӣ ва раводид барои қабул ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои рақамии кишварҳои дигар;

Миқёспазирӣ: рушди ҳамкорӣ бо соҳа, давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои таъмини истифодаи фаромарзии ин технология.

Вилли Уолш инчунин таъкид намуд:

“Ҳуҷҷатҳои рақамии сафар равандҳоро бехатар ва самаранок мегардонанд. Мубодилаи пешакии маълумот имкон медиҳад, ки санҷишҳо барвақт анҷом ёбанд ва навбатҳо дар фурудгоҳҳо коҳиш ёбанд. Қадами навбатӣ – ташкили механизмҳои мувофиқ барои ҳамгироии пурраи муайянкунии рақамӣ ба равандҳои ҷаҳонии сафар мебошад”.

Тафсилоти лоиҳаҳои озмоишӣ

Japan Airlines (Токио – Ҳонконг – Аврупо): мусофирон маълумоти худро тавассути ҳамёнҳои рақамӣ пешакӣ пешниҳод намуда, аз коркарди биометрӣ дар тамоми марҳилаҳо истифода бурданд;

Air New Zealand (Окленд – Ҳонконг): истифодаи ҳамёни рақамии ширкати ҳавопаймоӣ барои бақайдгирӣ ва санҷишҳои дурдасти биометрӣ имкон фароҳам овард;

IndiGo (Бангалор): ҳамгироии қарорҳои гуногуни муайянкунии рақамӣ, аз ҷумла Digi Yatra ва ҳамёнҳои байналмилалӣ, таҷрибаи бефосиларо аз вуруд ба фурудгоҳ то нишаст таъмин намуд.

 
Вчера, 13:12
Вернуться назад