Аввалин роҳбалади зан, ки дар ҳавопаймо хизмат намудааст, шаҳрванди ИМА Эллен Черч буд. 15 майи соли 1930 бори аввал дар ҷаҳон стюардессаи зан ба мусофирон дар дохили ҳавопаймо хизмат расонд. Ин парвоз дар масири Сан-Франсиско – Чикаго аз ҷониби ширкати “Boeing Air Transport” (ҳоло “United Airlines”) тавассути ҳавопаймои Boeing 80 анҷом дода шуд. Дар ҳамин сафар аввалин стюардесса – Эллен Черч, ки як ҳамшираи амрикоӣ буд, ба мусофирон хизмат расонид. Ӯ ҳамшираи ботаҷриба буда, ҳамчунин иҷозатномаи идораи ҳавопайморо низ дошт.
Тибқи маълумоти таърихшиносон, пас аз хатми мактаби ҳамширагӣ, Черч дар беморхонаи Сан-Франсиско фаъолият намудааст. Вале кӯдакии худро дар фермае, ки дар наздикии фурудгоҳи Крескои иёлати Айова ҷойгир буд, сипарӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, ҳавопаймоҳо барои ӯ танҳо василаи нақлиёт набуданд – осмон воқеан ӯро ба худ ҷалб мекард. Эллен ҳатто ба гирифтани дарсҳои хусусии парвоз оғоз намуд.
Ширкати ҳавопаймоие, ки ӯ дар он муроҷиат карда буд, қарори воқеан инқилобӣ қабул намуд: бори аввал як ҳамшираи занро ҳамчун стюардесса барои кӯмак ба мусофирон ҳангоми парвозҳо ба кор ҷалб кард. Бояд ёдовар шуд, ки аввалин роҳбаланди мард дар ҷаҳон Ҳайнрих Кубиш буд, ки ҳанӯз соли 1912 дар Олмон, дар ширкати “DELAG” (ширкати ҳавопаймоии олмонӣ, ки аз соли 1909 то 1935 фаъолият мекард), ба мусофирон хизмат мерасонд. Аммо стюардессаҳои зан танҳо баъд аз ҳаждаҳ сол фаъолияти худро оғоз намуданд.
Фаъолияти Эллен Черч дар ҳавопаймо кӯтоҳмуддат буд: ӯ дар як садамаи нақлиётӣ маҷрӯҳ шуда, дубора ба соҳаи тиб баргашт. Бо вуҷуди ин, авиатсия ба аввалин стюардессаи ҷаҳон эҳтиром гузошт: фурудгоҳе дар зодгоҳи ӯ – Креско – ба номи Эллен Черч гузошта шуд.