DataLife Engine / ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ–2026” МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ–2026” МУАЙЯН ГАРДИДАНД

5-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе–2026” баргузор гардид.

 

Гӯштингирӣ ҳамчун яке аз намудҳои қадимтарини варзиши миллӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик мавқеи хоса дошта, аз замонҳои бостон рамзи нерӯ, ҷавонмардӣ ва эҳтиром ба рақиб маҳсуб меёбад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин навъи варзиш дар кишвар рушду густариши назаррас касб намудааст.

Дар ин раванд, саҳми Федератсияи байналмилалии гӯштингирии Тоҷикистон дар рушди ин навъи варзиш назаррас арзёбӣ мегардад.

Мусобиқа дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардида, дар он варзишгарон зиёда аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

 

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо сухани муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе – Бахтиёр Шарифӣ оғоз гардида, номбурда рушди варзиши миллӣ ва нақши онро дар тарбияи ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.

 

Ҳамчунин, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода баромад намуда, таъкид дошт, ки чунин мусобиқаҳо ба таҳкими дӯстии байни миллатҳо ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

   

Қайд гардид, ки маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмин гардида, 100 ҳазор доллари амрикоӣ-ро ташкил дод.

   

 Вазни –65 кг  

 Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

 Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)

 Дилшод Буриев (Ӯзбекистон)

 Артём Штурбабин (Ӯзбекистон)

 Вазни –78 кг

 Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)

 Умид Эсанов (Ӯзбекистон)

 Қоим Шукронов (Тоҷикистон)

 Адилет Ахметгали (Қазоқистон)

 Вазни –86 кг

 Аҳрор Зиёдуллоев (Ӯзбекистон)

 Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

 Ёқубҷон Назиров (Россия)

 Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)

 Вазни +86 кг

 Шоҳруххон Бахтиёров (Ӯзбекистон)

 Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

 Бекмурод Олтибоев (Ӯзбекистон)

 Ҳусейн Халмурзаев (Россия)

 Миёни бонувон (70 кг)

 Камила Бадурова (Россия)

 Алена Прокопенко (Россия)

 Алина Молдокулова (Қирғизистон)

 Юлия Гребеножко (Украина)

 

Мусобиқа дар фазои тантанавӣ ва ҳузури сершумори мухлисон баргузор гардида, ба ҷашни воқеии варзиш табдил ёфт.

   
                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Вчера, 18:09
Вернуться назад