DataLife Engine / ДУБАЙ РАСМАН ХИЗМАТРАСОНИИ ТАКСИҲОИ БЕСАРНИШИНРО РОҲАНДОЗӢ НАМУД

ДУБАЙ РАСМАН ХИЗМАТРАСОНИИ ТАКСИҲОИ БЕСАРНИШИНРО РОҲАНДОЗӢ НАМУД

Шаҳри Дубай расман хизматрасонии таксиҳои бесарнишин (robotaxi)-ро ба роҳ монд. Аввалин воситаҳои нақлиёти автономӣ парвозҳоро дар хатсайрҳои ноҳияҳои Ҷумейра ва Умм-Суқайм оғоз намуда, дар оянда густариши ҷуғрофияи хизматрасонӣ пешбинӣ мегардад. Арзиши хизматрасонии “Robotaxi” дар аморат бо нархҳои агрегаторҳои анъанавӣ қобили муқоиса буда, вобаста ба масофа ва сатҳи талабот муайян карда мешавад.

Ҷорӣ намудани таксиҳои бесарнишин як ҷузъи муҳими барномаи фарогири шаҳрӣ ҷиҳати рушди низоми “нақлиёти оқилона” ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи аввал, тақрибан 100 адад воситаҳои нақлиёти автономӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дастрас мегарданд. Фармоиши сафарҳо тавассути барномаҳои мобилии “Uber” ва “Apollo Go” имконпазир мебошад. Ҳузури шахс дар курсии пеш метавонад вобаста ба марҳилаи татбиқи хизматрасонӣ ва талаботи оператор тағйир ёбад.

Қобили зикр аст, ки қабл аз роҳандозии расмӣ, ин хизматрасонӣ дар ҳудуди Дубай аз озмоишҳои фарогири техникӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни санҷишҳо, вокуниши системаҳо ба шароити гуногуни ҳаракати нақлиёт, ҳолати рӯйпӯши роҳ ва вазъиятҳои воқеии ронандагӣ ҳамаҷониба арзёбӣ гардид.

Асоси технологии “Robotaxi”-ро зеҳни сунъӣ, сенсорҳои муосир, харитаҳои рақамии дақиқ ва алгоритмҳои омӯзиши амиқ ташкил медиҳанд. Ин имконият медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт маълумотро дар вақти воқеӣ коркард намуда, бо риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба чорроҳаҳо, пиёдагардон, чароғҳои роҳнамо ва дигар иштирокчиёни ҳаракат ба таври бехатар вокуниш нишон диҳанд.

Тибқи иттилои Dubai Media Office, технологияҳои мазкур аллакай дар шароити воқеӣ самаранокии худро исбот намудаанд: воситаҳои нақлиёти автономӣ беш аз 150 миллион километр масофаро бехатар тай намуда, зиёда аз 10 миллион сафари автономиро дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон анҷом додаанд.

Вчера, 11:25
Вернуться назад