DataLife Engine / САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ  арзёбӣ мегардад.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ дорои имкониятҳои фаровон дар соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат намояд.

Самти дигари муҳими фаъолияти ин марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи фаъолияти марказ имконияти таҳия ва татбиқи низомҳои электронии бақайдгирии беморон, кортҳои электронии тиббӣ ва платформаҳои рақамии идоракунии маълумоти тиббӣ фароҳам оварда мешавад.

Татбиқи низомҳои муосири пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва платформаҳои қарздиҳии онлайн метавонад шаффофият ва бехатарии амалиёти молиявиро таъмин намуда, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва «сабз» мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ин иқдоми нек дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи ғамхорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Дар корхонаи саноатӣ шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонида мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҳадафҳои асосии фаъолияти корхона мебошад.

Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодурзода бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор дар самти истифодаи мақсаднок аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, овардани технологияи муосир, таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда баҳои баланд доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ баъди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ду намуди обҳои ташнашикан истеҳсол карда мешавад. Истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, мувофиқ ба талаботи бозор афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани шумораи кормандон аз ҳадафҳои минбаъдаи соҳибкорон маҳсуб меёбад.  

 Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои  сохтмони корхонаи истеҳсоли макарон, корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, корхонаи коркарди пахта, гармхонаи муосир ва маркази хизматрасонии “Суғд мол” муаррифӣ карда шуд.

Дар корхонаи макарон 5 намуди маҳсулот истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мегардад. Технологияе, ки ворид карда мешавад, дар як соат барои истеҳсоли то як тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии маркази хизматрасонии “Суғд мол” 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот дар асоси лоиҳа мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд 15 октябри соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён ва коргоҳи дузандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соҳибкорон супориш дода буданд, ки тавассути вусъат бахшидани самти фаъолият то ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як маркази муосири хизматрасонӣ бунёд намоянд.

Ҳамин тавр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат сохтмони маркази хизматрасонии “Суғд мол” оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад. Соҳибкорон нақша доранд онро дар рӯзҳои таҷлили санаи муҳими таърихӣ бо таъсиси даҳҳо ҷои кории нав мавриди истифода қарор диҳанд.

Корхонаи хуроки чорво дар шаҳри Бӯстон барои истеҳсоли 12 намуди хӯроки омехта барои чорво, паранда ва моҳӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори умумии корхона 10 тонна маҳсулот дар як соатро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар майдони 10 гектар бунёди гармхона ба нақша гирифта шудааст. Раванди истеҳсоли сабзавот бо истифода аз таҷҳизоти муосир мувофиқ ба талаботи бозори истеъмолӣ ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи дигар, корхонаи коркарди пахта аст, ки иқтидораш дар як рӯз коркарди то 50 тонна маҳсулот хоҳад буд. То сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ самти асосии фаъолияти корхона хоҳанд буд.

Дар маҷмуъ баъди татбиқи 5 лоиҳаи нав аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди вилояти Суғд тақрибан 1500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини марбутаи вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои анҷоми босифати кор дар лоиҳаҳо, васеъкунии имконият барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба шуғл ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҷалб карданд.

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. 

Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.

Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ин ноҳия ва тамоми мардуми кишварро бори дигар бо фарорасии соли нави аҷдодӣ – ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик хушбахтӣ, баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки ойинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи бостонии худ борҳо ба мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳар дафъа ба шарофати ақлу хирад ва ойину арзишҳои зиндагисози худ, аз ҷумла Наврӯз, аз ин мушкилот раҳоӣ ёфтааст.

Гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати ҳамин арзишҳои зиндагисоз мо ин ҷашни бостонии миллиро дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё кардем ва имрӯз онро дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.

Зикр гардид, ки наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, дар марҳалаи муҳимми созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи пайгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва заҳмати софдилонаи мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо ва шароити зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин дастовардҳоро Пешвои миллат туҳфаи арзандаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо замин, айёми оғози корҳои кишоварзӣ ва талош барои баракату фаровонӣ мебошад.

Бинобар ин, зурур шумурданд, ки мо шаҳрвандон ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду азнавсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудааст ва ин нишонаи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ноҳия маънидод гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос намуданд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳ то охири сол боз даҳҳо иншооти дигарро бунёд карда, ба истифода месупоранд ва барои ҳамдиёрони худ садҳо ҷойи кории нав муҳайё сохта, дар ободу зебо гардондани ноҳия ва деҳоти он саҳми арзишманд мегузоранд.

Пас аз сухани табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангии идона оғоз ёфта, зимни он ҳунармандон бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиб фазои идонаро боз ҳам пуршукуҳ гардониданд.


Дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ - феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарур шумурда шуд, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд.

Зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ин робита, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо  либоси мактабӣ дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин намуда, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд.

Зимни таҳлили соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Супориш дода шуд, ки масъулини сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Суғд дар моҳҳои январ - феврали соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба Президенти кишвар гузориш доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳои ҳамешагӣ, ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардум изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки то ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он  барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд.

Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои  ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад.

Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд.

Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст.  

Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ шаҳраки Бӯстон бинои иловагии Муассисаи давлатии томактабии рақами 1 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар иншооти навбунёди таълимӣ 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 12 парастор ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.

Иншооти мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати мақомоти маҳалӣ баҳри фарогирии пурраи кӯдакон, ки то ин замон 180 кас дар навбати қабул ба муассисаи томактабӣ буданд, бунёд ёфта, ҳоло имконият фароҳам омад, ки мушкилии сокинони 7 маҳаллаи Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ҳал гардад.

Бино дорои 6 ҳуҷраи барҳавои машғулият ва толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, барои таълиму тарбияи 6 гурӯҳи томактабӣ, имконият фароҳам оварда шудааст.

Дар саҳни бинои Муассисаи томактабӣ баҳри дар фасли баҳору тобистон гузаронидани машғулиятҳо ба кӯдакон ва ҷойи бозӣ, майдончаи омӯзишии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳамчунин айвончаҳои алоҳидаи тобистона баҳри баргузории маҳфилҳои мусиқӣ, барномаҳои фарҳангӣ мувофиқ ба завқи синнусолии кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин барои бедор сохтани ҳисси зебоидӯстии насли наврас муассир мебошад.

То ин муддат дар Муассисаи давлатии томактабии рақами 1-и ноҳияи Мастчоҳ 230 кӯдак таълиму тарбия мегирифтанд. Бинои иловагӣ имкон дод, ки фарогирии кӯдакон дар муассиса ба 410 нафар расад. Ин яке аз тадбирҳои муҳим дар самти ба таълиму тарбия ва ба зинаи мактабӣ омода намудани насли наврас мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи  деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона,  ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд.

Сокинону соҳибкорони ин деҳаҳо бо ифтихору сарбаландӣ аз неъмати таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ сиёсати созандагии Пешвои миллатро намунаи олии ободонӣ баҳри истиқболи сазовору арзандаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар бунёди бино ва иншооти муассисаи нав ҳамаи 750 оилаи деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд, Истошон ва соҳибкорону ашхоси саховатпеша аз ҳисоби пасандозу даромадҳо саҳм гузоштаанд. Аксари корҳои сохтмонӣ бо қувваи сокинони ин деҳаҳо анҷом дода шудаанд.

Бинои муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад.

Дар бинои нави муассиса 400 хонанда, фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ин хонандагон қаблан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи “40-солагии Дилварзин” таҳсил мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса нарасидани ҷои нишаст ба вуҷуд омада буд. Бо бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 минбаъд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дарсҳо дар ду баст сурат гирифта, барои гузаронидани маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ шароит муҳайё гардид.

Ба муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмӯи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд датрасу таъмин гардид.

Дар саҳни муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ тасис дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат  бо омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои мазкур баҳри чунин иқдому амали ватандӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид  доштанд, ки ин анъанаю иқдомҳои созандагӣ рукни муҳими тамаддуни тоҷикон мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, маърифати фарзандон ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат аст.

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот фаъолият хоҳанд кард.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2023 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи нав 5 ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ  дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам гардид, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи чунин як маркази муосири тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад.

  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон, дастуру ҳидоятҳо доданд.  

Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад.

Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши умумии 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии  деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард.

Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

 

31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст гулгашти Парчами давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сутунпояи баландиаш 53 метр ифтитоҳ ёфт.

Се муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 360 кӯдак дар деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи тадбирҳо зеристгоҳи барқии «Исфара-1» дар доираи лоиҳаи «CASA-1000» мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои истеҳсолӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Ҳамчунин дар деҳоти Чоркӯҳ коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 40 сокини маҳаллӣ бо  кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯсти Исфара пешниҳод намуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият тадбирҳои ободониро вусъат бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд ва ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. 

Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар масоҳати 600 гектар, шинонидани ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид. 

Дар намоишгоҳи муваққатии маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз навъҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, зардолу, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.

 Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Исфара бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 3 ҳазору 710 гектар расонидаанд. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар шаҳри Исфара афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ба ҳолати 1 марти соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74 ҳазор тонна барорбар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4 ҳазору 300 тонна афзоиш ёфтааст. 

Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳри Исфара дар самти истифодаи оқилонаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла зардӯзӣ, кандакорӣ ва анвои гуногуни нон, ки ба таври густурда пешниҳод гардида буд, бозгӯи заҳмати аҳлона аст. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳри Исфара барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа дастуру тавсияҳои судманд доданд. 

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ “Истиқлол”, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Абуризо Абдулаҳатов ва Сорбон Савриддинов дар масоҳати 600 гектар замини бекорхобида бунёд гардидааст, шинос шуда, ба ифтитоҳи хатти оби полезӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии кишвар низ нақши муассир мегузорад. 

Тибқи тавсияи мутахассисон, дар 40 гектар 12 ҳазору 500 бех ниҳоли зардолуи Исфара ва дар 25 гектар 13 ҳазор бех ниҳоли шафтолуи аълосифат шинонида шудааст. Ҷойи зикри хос аст, ки обдиҳии боғҳои нав бо усули қатрагӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, то имрӯз дар масоҳати зиёда аз 65 гектар кашидани лӯлаҳои обмонии қатрагӣ анҷом ёфтааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд дар марҳилаи аввал дар масоҳати 65 гектар беш аз 30 ҳазор бехро ташкил хоҳад дод.

Боғдорон дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси соҳибкоронро дар ин самт намунаи ибрат унвон намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои додаи Ҳукумати мамлакат ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таъсиси чунин боғи интенсивӣ, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардида, дар оянда бо ин роҳ масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад.

Кишоварзони шаҳри Исфара баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироатҳои гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои худро пурсамару мақсаднок истифода мебаранд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара, ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба талош меварзанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 дар шаҳри Исфара беш аз 100 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст.

 Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хатти об аз дарёи Исфара аз мавзеи заминҳои ҷамоати Хонободи Деҳоти Баланд дар масофаи 2 ҳазору 300 метр аз ҷониби соҳибкорон кашида шуда, бо ғунҷоиши 22 ҳазору 500 метри мукааб обанбор низ сохта шудааст.

Масъулон ният доранд дар оянда 5 ҳавзи моҳипарварӣ ҳам бунёд намоянд. Барои таъмини қувваи барқ ба дастгоҳҳои обкашӣ ба масофаи ду километр хати барқ кашида ва 2 адад трансформатори 400 ва 600 киловатта насб гардидааст.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғи интенсивӣ ва ҳавзи обтаъминкунӣ, ки заҳмат ва харҷи зиёдро талаб менамояд, ба соҳибкорон баҳои баланд дода, ин амали онҳоро намунаи таҳсин номиданд.

Дар заминаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғдорон нақша доранд, ки ояндаи наздик дар ҳудуди боғ як сардхонаи наву замонавӣ бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна ва корхонаи коркарди мева таъсис дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ саҳмгузор шаванд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд гардидааст, оғоз бахшида, бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бандубасти мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ва дар масоҳати 70 гектар дар деҳаи Лаккон ҷудо гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври фосилавӣ шинос гардиданд ва ба масъулин барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо доданд.

                                                                                          https://www.president.tj/

 

  
 
 
 
 

 
 
   
Вчера, 16:02
Вернуться назад