DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Тибқи маълумоти ширкати машваратии “Alton Aviation Consultancy”, дар моҳи марти соли 2026 дар натиҷаи баста шудани фазои ҳавоӣ дар Ховари Миёна, болоравии нархи сӯзишворӣ ва тағйир ёфтани масирҳои парвоз арзиши чиптаҳои ҳавопаймо дар хатсайрҳои калидии ҷаҳонӣ то 560 фоиз афзоиш ёфт.

***

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) маълумот оид ба бозори ҷаҳонии боркашонии ҳавоиро барои моҳи феврали соли 2026 нашр намуд. Тибқи ин маълумот, талабот ба хизматрасониҳои боркашонии ҳавоӣ дар моҳи мазкур 11,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

***

Дархости Федератсияи Россия ҷиҳати аккредитатсияи нақшаи ихтиёрии коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар доираи барномаи ҷуброн ва коҳиши карбони авиатсияи байналмилалӣ (CORSIA), ки ба қайд гирифта шудааст, дар сомонаи расмии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) нашр гардид.

***

14-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Амстердами Подшоҳии Нидерландия вохӯрии роҳбарият ва саҳмдорони ширкати “Airbus” баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои гуногуни ҷорӣ, аз ҷумла мушкилоти истеҳсоли муҳаррикҳои ширкати амрикоии “Pratt & Whitney” мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Қобили зикр аст, ки ширкати “Airbus” бо норасоии доимии муҳаррик рӯбарӯ буда, ин ҳолат метавонад ба занҷираи таҳвили ҳавопаймоҳо таъсири манфӣ расонад.

***

28-уми марти соли 2026 бо иштироки Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ марҳилаи аввали Фурудгоҳи байналмилалии Нойда, воқеъ дар минтақаи Ҷувар, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, терминали боркашонӣ ва як маҷмааи бузурги хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдорӣ (MRO) бо масоҳати 40 акр низ мавриди истифода қарор гирифтанд.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Шереметевои Федератсияи Россия лоиҳаи техникӣ ва функсионалии низоми иттилоотиро барои муайянсозии биометрии мусофирон ҳангоми расмиёти пеш аз парвоз таҳия намуд. Дар доираи ин тарҳ Терминали “В” бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, ба истифода дода мешавад.

***

30-юми марти соли 2026 ширкати “Air China” аввалин парвози мусофирбариро дар масири Пекин – Пхенян анҷом дод. Бо ин, парвозҳо дар ин масир пас аз шаш сол барқарор гардиданд.

***

Мақомоти Федератсияи Россия ва Ҳиндустон масъалаи ҷорӣ намудани низоми бидуни раводидро барои гурӯҳҳои сайёҳӣ, ки то 21 рӯз дар қаламрави кишварҳо қарор мегиранд, мавриди баррасӣ қарор доранд.

***

Бо мақсади харидории то 46 адад ҳавопаймои навъи E195-E2, ширкати “Finnair” бо ширкати “Embraer” созишнома ба имзо расонид.

***

Ширкати “Turkish Airlines” бо ифтитоҳи парвози мустақими нав аз фурудгоҳи Станстед ба шаҳри Истанбул ҳузури худро дар бозори Лондон васеъ намуд.

***

30-юми марти соли 2026, ширкати “China Eastern Airlines” парвозҳои мунтазамро дар масири Шанхай – Тошканд – Шанхай оғоз намуд. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае 4 маротиба анҷом дода мешаванд.

***

29-уми марти соли 2026, ширкати “Centrum Air” парвозҳоро дар масири Тошканд – Красноярск оғоз намуд, ки минбаъд ҳафтае ду маротиба амалӣ мегарданд.

***

Ширкати “Uzbekistan Airways” аввалин парвозҳоро дар масирҳои Тошканд – Шенҷен ва Тошканд – Атирау ба роҳ монд.

***

(Манбаъ: IATA, Buying Business Travel Russia, Aviation Explorer, Simply Flying, AviationSource News, Uzbekistan Airways)

 

Вчера, 11:17
Вернуться назад