DataLife Engine / ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамватанони азиз, ҳамкасбони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи авиатсияи граждании мамлакатро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ – иди бостонии ниёгон ва рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ самимона табрик ва муборакбод менамоям.

Наврӯз аз зумраи муқаддастарин мероси фарҳангии миллати тоҷик буда, аз қадимулайём ҳамчун рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат ва орзуву умедҳои неки инсонӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба меҳру муҳаббат, ҳамдилӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз суннату ойинҳои неки миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, бо шукуҳу шаҳомати хоса дар саросари кишвар таҷлил гардида, ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳанг ва ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст.

Бигзор фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор бошад.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳар хонадон файзу баракат, шодиву нишот ва умедҳои нек оварад.

Наврӯз муборак

 

Бо эҳтиром,

директори генералии КВД Тоҷикаэронавигатсия

Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон

Вчера, 09:44
Вернуться назад