Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) истифодаи зеҳни сунъиро (AI) дар амалиётҳои боркашонии ҳавоӣ тавассути се ташаббус таблиғ менамояд, ки ба беҳтар кардани самаранокии амалиётӣ, тақвияти бехатарӣ ва риояи талаботҳои қонунӣ ва суръат бахшидани инноватсия дар тамоми занҷираи арзиши боркашонии ҳавоии ҷаҳонӣ равона шудаанд:
Баланд бардоштани самаранокии дастрасӣ ба нашрияҳо: IATA барномаи мобилӣ ва сомонавии AI Subject Matter Expert (AI SME)-ро фаъол мекунад, ки тавассути саволҳои оддӣ ба гурӯҳҳои амалиётӣ кӯмак мерасонад, то маълумотҳои заруриро дар нашрияҳои IATA оид ба интиқоли бор ва бехатарӣ зуд ёбед. Барномаи мазкур ҷавобҳои дақиқро дар муддати якчанд сония пешниҳод менамояд, ки дар қабули қарорҳои амалиётӣ суръат мебахшад, риояи талаботҳои мувофиқро афзоиш медиҳад ва самаранокиро дар шароити вақтҳои маҳдуд беҳтар менамояд.
Системаи AI SME аввал барои қоидаҳои IATA оид ба интиқоли борҳои хатарнок (IATA Dangerous Goods Regulations) ва Дастурамали коркарди борҳои IATA (IATA Cargo Handling Manual) дастрас хоҳад буд ва сипас тадриҷан дар ҳамаи нашрияҳои истинодии IATA татбиқ карда мешавад.
Рушди ҳамкорӣ: IATA Маркази таҷрибаи пешрафтаи зеҳни сунъӣ дар боркашонии ҳавоӣ (Air Cargo AI Excellence Hub) таъсис медиҳад, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, хизматрасонии заминӣ, экспедиторҳо, таъминкунандагони технологӣ ва мақомоти танзимкунандаро барои дастгирии ҳамгироии соддакардашудаи AI ба боркашонии ҳавоӣ муттаҳид мекунад. Маркази мазкур имконият медиҳад, ки таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаҳои идоракунӣ ва риояи талаботҳои танзимкунанда мубодила шуда, стандартҳо таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Беҳтар кардани амалиёти боркашонии ҳавоии байниминтақавӣ: IATA ва шарикони стратегиаш иқтидори AI-ро барои беҳтар кардани самаранокии амалиёти боркашонии ҳавоии байниминтақавӣ меомӯзанд. Ҳамкории тарафҳо ба таҳияи усулҳои истифода равона шудааст, то ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки аз системаҳои гуногуни IT истифода мебаранд, дар вақти воқеӣ дар фармоиши парвозҳо, қатъи парвозҳо ва лағви онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ҳамзамон, агентҳои AI барои таъмин намудани мутобиқати байни системаҳо истифода мешаванд.
“Имконияти истифодаи AI барои суръат бахшидан ба табдили рақамии боркашонии ҳавоӣ хеле бузург аст. Дар маҷмӯъ, ин ташаббусҳо тавассути татбиқи пайваста, мутобиқшаванда ва мувофиқ ба стандартҳои авиатсияи ҷаҳонӣ дар саросари соҳа иқтидори AI-ро ба ҳадди аксар мерасонанд. Муҳим он аст, ки мо аз ин ташаббусҳо таҷриба мегирем, то соҳаҳои иловаге муайян шаванд, ки дар онҳо стандартҳо, инноватсияҳои технологӣ ва рушди муштарак метавонанд амалиёти бехатартар, оқилонтар ва самараноктарро таъмин намоянд”, — изҳор дошт Брендан Салливан, роҳбари амалиётҳои глобалии боркашонии IATA.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ин ташаббус қисми барномаи “Исботи консепсия дар самти маълумот ва технология” дар доираи Барномаи шарикии стратегӣ мебошад.