Аз 14 то 16 апрели соли 2026, Симпозиуми дастгирии татбиқи ҷаҳонии ICAO (GISS) дар Марракеш баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ҷомеаи авиатсияи ҷаҳонӣ, мутахассисони соҳа, муассисаҳои молиявӣ ва коршиносони техникӣ ширкат меварзанд.
***
8–9 апрели соли 2026, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) дар Сингапур Симпозиуми байналмилалии маълумотҳо (WDS)-ро баргузор менамояд. Дар симпозиум масоили истифодаи маълумот барои беҳтар намудани самаранокии амалиётӣ, қабули қарорҳои стратегӣ, тақвияти омодагӣ ва устувории амнияти киберӣ дар тамоми занҷираи арзиши авиатсионӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва автоматикунонӣ барои беҳтар кардани самаранокии амалиётӣ ва таҷрибаи мусофирон баррасӣ мегарданд.
***
Тибқи индекси нави ҷаҳонии “HelloSafe”, кишварҳои Исландия, Швейтсария ва Норвегия бехатартарин кишварҳо барои сафар дар соли 2026 эътироф шуданд. Ин натиҷа дар асоси бехатарии ҷамъиятӣ ва ҷинояткорӣ, суботи сиёсӣ, тандурустӣ, амнияти киберӣ ва хатарҳои экологӣ муайян гардидааст.
***
Субҳи 16 марти соли 2026, дар натиҷаи ларзишҳои шадиди фарш ва садои баланди номаълум аз қисми поёни ҳавопаймо, ҳавопаймои Airbus A350-900-и ширкати “Air India”, ки аз фурудгоҳи Ҷон Ф. Кеннедии Ню Йорк ба Деҳлӣ парвоз мекард, дар фурудгоҳи Шеннони Ирландия фуруд омад. Ба мусофирон хӯрок, нӯшокӣ, манзил дар меҳмонхона ва кӯмак дар масъалаҳои муҳоҷират ва барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод гардид. Ҳолати ба миён омада аз ҷониби мутахассисони техникӣ таҳқиқ мешавад.
***
Нӯҳ ширкати бузургтарини ҳавопаймоии ИМА ба қонунгузори кишвар нома фиристода, талаб карданд, ки чораҳо барои ҳифзи кормандони Идораи амнияти нақлиёт ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ аз музди меҳнати пардохтнашуда дар давраи қатъи маблағгузории ҳукумат андешида шаванд.
***
Президенти Беларус, Александр Лукашенко, Фармон оид ба бекор намудани талаботи мутақобилаи раводид барои дорандагони шиносномаҳои оддиро имзо намуд. Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Беларус ва Таиланд метавонанд 30 рӯз бидуни раводид аз қаламрави кишвари дигар дидан кунанд.
***
Аз 30-юми марти соли 2026, ширкати “Air China” парвозҳои мустақимро миёни Пекин ва Пхенян барқарор менамояд.
***
Ширкати “Amazon Air” 10 адад ҳавопаймои боркашонии A330F-ро аз ширкати “IAT Leasing Limited” харидорӣ намуд.
***
Ширкати “Atlas Air Worldwide Holdings”, ширкати пешбари хизматрасонии логистикии боркашонии ҳавоӣ, барои харидории то 40 адад ҳавопаймо Airbus A350F созишнома имзо намуд.
***
Ширкати “Thales” ҳамчун таъминкунандаи системаи идоракунии алоқаи радиоӣ дар ҳавопаймои омӯзишии Pilatus PC-7 интихоб гардид.
***
28-уми марти соли ҷорӣ, ширкати “Победа” парвозҳоро аз Маскав ба Тирмиз оғоз менамояд.
***
Дар натиҷаи суръати баланди шамол ва бориши рекордии барф дар ИМА беш аз 1 800 парвоз лағв ва беш аз 1 200 парвози дигар ба таъхир гузошта шуданд.
***
Ширкатҳои “Sikorsky” ва “Robinson Helicopter Company” чархболи боркашонии худкорро, ки барои вазифаҳои тиҷоратӣ ва низомӣ тарҳрезӣ шудааст, муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, чархболи бесарнишини R66 Turbinetruck барои таҳвили бор, пурра намудани захираҳо, логистика дар вазъиятҳои мураккаби логистикӣ ва рафъи офатҳо пешбинӣ шудааст.
***
(Манбаъ: United Nation, Buying Business Travel Russia, Bloomberg, AviationSource News, Flight Global, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)