DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ширкати “Somon Air” хабар медиҳад, ки парвозҳо аз рӯи хатсайри Душанбе – Дубай – Душанбе дар санаҳои 11, 13 ва 15 марти соли 2026 иҷро карда мешаванд. Парвозҳо бо нишасту парвоз тавассути фурудгоҳи “Al Maktoum International Airport” (DWC) ба нақша гирифта шудаанд.

***

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) гузориши солонаи худро оид ба бехатарӣ барои соли 2025 нашр намуд, ки таҳлили муфассали нишондиҳандаҳои бехатарии авиатсияи тиҷоратиро дар саросари ҷаҳон дар соли гузашта пешниҳод мекунад. Тибқи ҳисоботи IATA дар соли 2025 сатҳи садамаҳои авиатсионӣ коҳиш, аммо шумораи фавтидагон афзоиш ёфтанд.

***

Тибқи изҳороти Вазорати нақлиёти Малайзия амалиёти охирини ҷустуҷӯи ҳавопаймои Boeing 777-200ER, ки 12 сол пеш дар уқёнуси ҷанубии Ҳинд нопадид шуда буд, бе натиҷа анҷом ёфт.

***

Фурудгоҳи Хосе Марти дар Ҳавана эълон намуд, ки таъмини сӯзишвории авиатсионӣ дар фурудгоҳ то санаи 10 апрели соли 2026 дастнорас боқӣ мемонад. Аммо фурудгоҳ фаъолияти худро идома медиҳад. Агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои сафари бозгашт сӯзишвории кофӣ дошта бошанд, метавонанд то 10 апрел ба Ҳавана парвоз намоянд.

***

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Агентии аэронавигатсионии Лаҳистон фазои ҳавоии Лаҳистон барои се моҳи оянда қисман баста мешавад. Чораҳои мазкур ба ҳавопаймоҳои интиқолдиҳандаи мусофирон татбиқ намешаванд. Дар изҳорот шарҳ дода мешавад, ки ин пеш аз ҳама ба манъи парвозҳо дар баландии на бештар аз 3 км дахл дорад.

***

Тибқи иттилои “Mexico Business News” дар натиҷаи ноустувории геополитикӣ дар Ховари Миёна нархи сӯзишвории ҳавопаймо 58% боло рафт. Дар ин замина гуфта мешавад, ки ҳатто 1% афзоиши нархи сӯзишвории авиатсионӣ боиси хароҷоти иловагии 50 миллион доллари ИМА дар як сол мегардад. Ин омилҳо метавонанд барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ мушкилиҳои зиёдеро ба миён оранд.

***

Бо мақсади дастгирии таъминкунандагон ва афзоиши истеҳсоли муҳаррикҳои тиҷоратӣ ва низомӣ, аз ҷумла васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ барои афзоиш додани вақти парвози муҳаррики CFM Leap, ширкати “GE Aerospace” дар соли равон сармоягузорӣ дар ҳаҷми сол 1 миллиард долларро пешбинӣ менамояд.

***

Бо мақсади барқарор намудани иқтидори роҳандозии парвозҳо ба масофаи дурдаст, ширкати “Uganda Airlines” ҳавопаймоҳои Boeing 787-ро бо экипаж аз ширкати “Ethiopian Airlines” ба иҷора мегирад.

***

Хадамоти федералии назорати нақлиётии Федератсияи Россия натиҷаҳои санҷиши ғайринақшавии ширкати ҳавопаймоии “AZUR Air”-ро, ки аз 19 феврал то 5 март дар пасманзари як қатор ҳодисаҳои авиатсионӣ, аз ҷумла мушкилии техникӣ дар ҳавопаймоҳои ширкат, таъхир ва лағви парвозҳои сершумори минбаъда гузаронида шуда буд, интишор намуд. Дар рафти санҷиш, як қатор вайронкуниҳои талаботи ҳатмии қонунгузории авиатсионии Федератсияи Россия муайян гардида, барои бартараф намудани ин вайронкуниҳо чораҳои нозиротӣ андешида шудаанд.

***

Дар натиҷаи афзоиши талаботи сайёҳон, ширкати “Аэрофлот” дар моҳи марти соли ҷорӣ роҳандозии парвозҳои иловагиро миёни Масква ва Бангкок, Пхукет ва Мале пешбинӣ менамояд.

***

Пас аз ду ҳодисаи пайдарпай дар Техас, Пентагон ва Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА 7-8 марти соли равон озмоиши муштараки системаи муқовимат бо ҳавопаймоҳои бесарнишини лазерии баландэнергияро дар Ню-Мексико баргузор намуданд. Ин озмоишҳо барои арзёбии бехатарӣ ва таъсири амалиётии технологияҳои зидди дронҳои лазерӣ тарҳрезӣ шудаанд. 

***

Ширкати “Archer Aviation” дар рушди таксиҳои ҳавоии барқӣ ба як марҳилаи муҳим ноил гардид. 9 марти соли 2026 ширкат аз ҷониби Департаменти нақлиёти ИМА ва Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА барои иштирок дар Барномаи озмоишии ҳамгироии eVTOL-и Кохи Сафед (eIPP) интихоб гардид.

***

Аввалин ҳавопаймои боркашонии Embraer E190F расман хизматрасонии тиҷоратиии худро тавассути ширкати боркашонии “Bridges Air Cargo” оғоз намуда, ҳавопаймо 9 марти соли 2026 аз Кёлни Олмон ва Ларнакаи Кипр парвоз намуд.

***

Аз 22 июни соли 2026, ширкати “China Eastern Airlines” парвозҳои мустақимро дар масири Стокҳолм-Шанхай барқарор менамояд, ки парвозҳо дар масири мазкур ҳафтае се маротиба амалӣ мегарданд.

***

Аз 8 июли соли 2026, ширкати “Goldman Sachs”-и Бразилия парвозҳо ба масофаи дурро аз Рио-де-Жанейро ба Ню-Йорк оғоз менамояд, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба амалӣ мегарданд.

***

(Манбаъ: Somon Air, Flight Global, Simply Flying, Aviation Source News, Aviation Explorer)

Сегодня, 09:52
Вернуться назад