DataLife Engine / АЗ DYU ТО UUEE: НИЗОМИ ҶАҲОНИИ РАМЗГУЗОРИИ ФУРУДГОҲҲО

АЗ DYU ТО UUEE: НИЗОМИ ҶАҲОНИИ РАМЗГУЗОРИИ ФУРУДГОҲҲО

Ҳар як фурудгоҳи ҷаҳон дорои рамзи беназири сеҳарфаи лотинӣ мебошад, ки онро Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) барои мақсадҳои тиҷоратӣ таъин менамояд. Ин рамзҳо ҳангоми фармоиши чиптаҳо, бақайдгирии мусофирон ва нишонагузории бағоҷ истифода мешаванд.

Рамзҳои IATA (масалан, SVO, DME) дар фаъолияти ҳаррӯзаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ васеъ мавриди истифода қарор доранд. Дар баробари ин, рамзҳои чорҳарфаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) асосан барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ истифода мешаванд.

Масалан, рамзи сеҳарфаи IATA барои шаҳри Москва — MOW ва барои шаҳри Санкт-Петербург — LED мебошад. Ҳамзамон, рамзи чорҳарфаи ICAO барои фурудгоҳи Шереметево — UUEE аст.

Дар Федератсияи Россия, дар баробари рамзҳои байналмилалӣ, низоми дохилии рамзгузорӣ низ амал мекунад, ки он ҳам аз се ҳарф иборат буда, бо алифбои кириллӣ навишта мешавад. Барои намуна, рамзи фурудгоҳи шаҳри Саранск — СРН мебошад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ҳамчун узви IATA дорои рамзи сеҳарфаи DYU мебошад, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, низомҳои фармоиш ва агентӣ истифода мегардад. Ҳамчунин, рамзи чорҳарфаи ICAO барои назорати ҳаракати ҳавоӣ UTDD мебошад.

   
Сегодня, 11:43
Вернуться назад