DataLife Engine / ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҲУШЁРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҲУШЁРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Мутобиқи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид ҳамасола 12-уми феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии ифротгароии хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад” таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” санаи 12 феврали соли 2026 дар доираи Нақшаи хонишҳои идоравӣ ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Мирзошарифзода Икром – прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Абдуаҳад Турсунов – муфаттиши шуъбаи назорати тафтишот ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва кормандони корхона иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон дар пешгирии чунин зуҳурот аҳамияти муҳим дорад.

 

Тавре зикр гардид, баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти донишҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Сипас, Абдуаҳад Турсунов – муфаттиши шуъбаи назорати тафтишот ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, доир ба моҳият ва паёмадҳои нохуши терроризм суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ин падида ба амнияти ҷомеа ва суботи давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ дошта, мубориза бо он ҳамкории дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳоро тақозо мекунад. Ҳамзамон, ба иштирокдорон оид ба талаботи қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии ифротгароӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

 

Дар анҷом таъкид шуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамеша ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон, таҳкими интизоми хизматӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм, чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд ва дар ин самт ҳамкориро бо мақомоти дахлдор идома медиҳад.

 

                                                                            Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Вчера, 16:08
Вернуться назад