DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

16-уми феврали соли 2026, ширкати “Nordwind” парвозҳоро аз шаҳри Красноярск ба шаҳри Бохтар оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои душанбе анҷом дода мешаванд.

***

Дастурамал ICAO оид ба татбиқи назорати ҳавоӣ (Ҳуҷҷати 9994) барои дастгирии истифодаи самараноки технологияҳои назорати ҳавоӣ дар навигатсияи муосири ҳавоӣ дастрас гардид. Ин дастурамал, ки аз ҷониби Шӯрои назоратӣ (SP) таҷдид гардидааст, ҳамчун як истиноди мукаммал оид ба технологияҳои назорати ҳавоӣ хизмат намуда, имкониятҳои навро барои истифода дар кабинаи сарнишинон фароҳам меорад.

***

Мақомоти авиатсионии Куба аз норасоии сӯзишвории авиатсионӣ дар кишвар хабар доданд. Аз 10-уми феврали соли 2026 дар муддати як моҳ таъмини сӯзишворӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҳангоми таваққуф дар Куба ғайриимкон мегардад.

***

Ширкати “Перспектива”, як ширкати фаръии пурраи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево”, созишномаи харидуфурӯшро барои 100 дарсади сармояи оинномавии “DME Holding LLC” ва якчанд ташкилоти дигар, ки маҷмааи амволи фурудгоҳи Домодедоворо идора мекунанд, ба маблағи беш аз 66,1 миллиард рубл имзо намуд. Маблағҳо дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба буҷаи давлатӣ интиқол дода мешаванд. Интиқоли амвол ва бақайдгирии ҳуқуқи моликият дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи пардохт анҷом дода мешавад.

***

Сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии Лонг Тхан дар Ветнам дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ифтитоҳи яке аз бузургтарин марказҳои ҳавоии ҷаҳон, ки арзиши лоиҳавии он 16 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва шакли гули нилуфар хоҳад дошт, моҳи июни соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Фурудгоҳ 5000 гектар масоҳатро фаро мегирад.

***

8-уми феврали соли 2026 ширкати “Emirates” аввалин парвози ҳавопаймои Airbus A350-ро ба фурудгоҳи Гатвики шаҳри Лондон анҷом дод.

***

Тобистони соли ҷорӣ ширкати “Vietnam Airlines” аввалин парвози мустақимро аз шаҳри Ҳаной ба шаҳри Амстердам оғоз менамояд.

***

Ширкати “EgyptAir” аз 16 адад ҳавопаймои фармоишдодашуда аввалин ҳавопаймои Airbus A350-900-ро дастрас намуд.

***

Пас аз интиқоли шашумин ва ниҳоии ҳавопаймои Boeing 787-9 Dreamliner ба ширкати “IndiGo”, ширкати “Norse Atlantic” ба низоми ACMI (иҷораи ҳавопаймоҳо бо хизматрасонии техникӣ ва таъмир) гузашт.

***

Тобистони соли ҷорӣ ширкати “Air France” хизматрасонии худро аз фурудгоҳи Париж – Шарл де Голл ба фурудгоҳҳои Кеннеди ва Нюарк Либерти шаҳри Ню-Йорк афзоиш дода, то 11 парвози ҳаррӯзаро пешниҳод менамояд.

***

Тибқи созишномаи нав, ширкати ҳавопаймоии “Flynas”-и Арабистони Саудӣ филиали худро дар Сурия таъсис медиҳад, ки таҳти номи “Flynas Syria” фаъолият хоҳад кард.

***

Федератсияи Россия ба Бразилия пешниҳод намуд, ки парвозҳои мустақим миёни ҳарду кишвар роҳандозӣ карда шаванд.

***

(Манбаъ: ICAO, Flight Global, Aviation Source News, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)

Вчера, 14:06
Вернуться назад