DataLife Engine / НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ СОҲАИ АВИАТСИЯ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ СОҲАИ АВИАТСИЯ

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2025, № АП-1677, вобаста ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соли 2025, 28 январи соли 2025 дар толори ҶСК “Тоҷик Эйр” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар он муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Сомон Эйр”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, инчунин зиёда аз панҷоҳ нафар намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷии кишвар иштирок намуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба татбиқи сиёсати “фазои боз” (осмони кушод) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи хатсайрҳо ба самтҳои нав, таъмини хизматрасонии босифати аэронавигатсионӣ, мутобиқ намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва фурудгоҳҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, афзоиши парвозҳои транзитӣ, воридоти ҳавопаймоҳои нав ва фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ ҷавобҳои мушаххас ва муфассал гирифтанд.

Дар фарҷом, ба саволҳои марбут ба ифтитоҳи хатсайрҳои нав, афзоиши шумораи парвозҳо, амалӣ гардидани парвозҳои дохилӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз ҷониби масъулин посух дода шуд.

 

                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Вчера, 16:28
Вернуться назад