DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

26-уми январи соли 2026 дар бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори генералии ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои “COMAC” Лян Тсюмин ва роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines” Чжу Юйлун бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои харидории ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати “COMAC”, инчунин имкониятҳои ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ ба шаҳрҳои дигари Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Бо мақсади беҳтар намудани самаранокии амалиётӣ ва суръат бахшидан ба модернизатсияи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико азнавташкилдиҳии сохтори худро роҳандозӣ намуда, таъсиси се раёсати навро пешбинӣ кардааст. Ин раёсатҳо ба идоракунии бехатарӣ, модернизатсияи фазои ҳавоӣ ва рушди технологияҳои пешрафтаи авиатсионӣ нигаронида шудаанд.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии “Emirates” ва “Air Peace” Созишномаи васеъшудаи хизматрасонии дуҷониба оид ба интиқоли байналмилалии ҳавоии тиҷоратиро ба имзо расониданд. Дар доираи ин санад пайвастагии ҳавоӣ миёни қитъаи Африқо, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва масирҳои калидии байналмилалӣ, аз ҷумла Лондон, ба таври назаррас беҳтар мегардад.

***

Бинобар мушкилиҳои ҷиддии техникӣ дар системаи бронкунии “Leonardo” (Sirena-Travel), ширкати ҳавопаймоии “Belavia” муваққатан имкони коркард, иваз ва баргардонидани чиптаҳоро надорад. Ҳамзамон, пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯшӣ ғайриимкон гардидааст.

***

Дар натиҷаи халалдор шудани низоми бақайдгирии “Astra” дар саросари ҷаҳон, бақайдгирии мусофирон ва бағоҷ дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Сочи ва Краснодар-и Федератсияи Россия муваққатан маҳдуд карда шуд.

***

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия ҳушдор дод, ки бинобар бориши шадиди барф, яхбандӣ ва тӯфонҳои барфӣ аз 27 то 29 январи соли 2026 дар шаҳри Москва ва минтақаҳои атрофи он эҳтимоли халалдор гардидани фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ, тағйир ёфтани ҷадвали парвозҳо ва лағви онҳо вуҷуд дорад.

***

Ширкати “Emirates” бо “Dubai Investments Park” Созишнома оид ба харидории қитъаи замин барои сохтмони маҷмааи нави истиқоматии махсус барои экипажҳо бо номи – “Cabin Crew Village” ба имзо расонид. Ин лоиҳаи бисёрмиллиард дирҳамӣ маҷмааи истиқоматии бисёрфунксионалӣ буда, барои ҷойгир намудани то 12 000 нафар аъзои экипаж пешбинӣ шудааст.

***

Ширкати “GE Aerospace” озмоиши ибтидоии заминии системаи электрикии гибридии муҳаррики турбинаро дар корхонаи худ дар иёлати Огайо анҷом дод. Натиҷаҳо нишон доданд, ки иқтидори интиқоли нерӯи барқ аз стандартҳои техникии NASA барои истифодаи эҳтимолӣ дар ҳавопаймоҳои якқабата дар солҳои 2030 зиёдтар мебошад.

***

Агентии бехатарии авиатсионии Аврупо (EASA) ба ҳавопаймои “Bombardier Global 8000” барои истифодаи тиҷоратӣ сертификатсия дод. Ин ҳавопаймо ҳамчун зудтарин ҳавопаймои граждании сертификатсияшуда дар Аврупо эътироф гардидааст. Қаблан ҳавопаймои мазкур аз ҷониби Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА дар моҳи декабри соли 2025 ва аз ҷониби Нақлиёти Канада (TC) дар аввали моҳи ноябри соли 2025 сертификат гирифта буд. Суръати ниҳоии ин ҳавопаймои ултра-дарозмасофа ба 0.95 Mach (729 мил дар як соат) мерасад.

***

Аввалин ҳавопаймои Airbus A321neo-и ширкати ҳавопаймоии “THAI” барои анҷом додани парвозҳо дар масири Бангкок–Сингапур ба истифода дода шуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Nordwind” аз 26-уми январи соли ҷорӣ парвозҳои мустақимро аз шаҳри Қазон ба шаҳри Истанбул оғоз намуд.

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Flight Global, Simple Flying, Aviation Source News, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)

27 янв
Вернуться назад