DataLife Engine / ҚАДИМТАРИН ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОӢ ДАР ҶАҲОН

ҚАДИМТАРИН ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОӢ ДАР ҶАҲОН

“Koninklijke Luchtvaart Maatschappij” (KLM) ширкати авиатсионии шоҳигарӣ Нидерланд қадимтарин ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон аст, ки дар соли 1919 таъсис ёфтааст. Аввалин парвози ширкати мазкур миёни Амстердам ва Лондон 17 майи соли 1920 анҷом дода шудааст, ки дар парвози мазкур ду нафар хабарнигор ва почтаро интиқол дода шудааст. Аҷибии дар он мебошад, ки то ҳол ширкат номи аслии худро нигоҳ медорад.

Пас аз муттаҳидшавӣ бо ширкати “Air France” дар соли 2004, ширкати “KLM” ҳадафи ширкати “Air France-Group”-ро амалӣ намуд, ки ду ширкати ҳавопаймоӣ ва се тиҷорати асосиро (интиқоли мусофирон ва боркашонӣ, инчунин нигоҳдорӣ) муттаҳид кард. Ширкати “KLM” якҷоя бо ширкати “Air France” дар бозори сайёҳии ҳавоии Аврупо нақши пешбарро мебозад. “KLM” барои ноил шудан ба ҳадафҳои тиҷоратии худ, инчунин ҳадафҳои муштараки иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ба рушди фоидаовар саъй мекунад.

Имрӯзҳо ширкати “KLM” парвозҳои мустақимро ба марказҳои калидии иқтисодии саросари ҷаҳон тавассути шабакаи васеи 92 шаҳрҳои Аврупо ва 70 самти байниқитъавӣ пешниҳод мекунад.

“KLM” шарики иттиҳоди “SkyTeam” мебошад, ки сафари мусофиронро бо хизматрасонӣ ба 1063 самт дар 173 кишвар беҳтар мекунад. Гурӯҳи ширкати “KLM” инчунин филиалҳои худро “Transavia” ва “Martinair” дар бар мегирад. “Transavia” ширкати пешбари ҳавопаймоии арзони Нидерландия буда, дар соли 2018 қариб 9 миллион нафар мусофирро аз Амстердам, Эйндховен ва Роттердам интиқол додааст.

 
Вчера, 14:13
Вернуться назад