Аз 1-уми январи соли 2026, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) татбиқи қоидаҳои навро оид ба интиқоли дастгоҳҳи эҳтиётии таъминоти барқ (пауэрбонкҳо) ва дастгоҳҳои дорои батареяҳои литий дар дохили ҳавопаймо оғоз намуд. Мувофиқи қоидаҳои мазкур, дар тамоми тӯли парвоз истифодаи дастгоҳҳи эҳтиётии таъминоти барқ (пауэрбонкҳо) аз манбаъҳои барқӣ, ки дар курсӣ ё дигар ҷойҳои дохили ҳавопаймо ҷойгиранд, манъ мебошад. Қоидаи дигар интиқоли таҷҳизоти барқиро дар бағоҷи дастӣ манъ мекунад. Онҳоро танҳо метавон дар зери курсӣ ё дар ҷайби қафои курсии пеш нигоҳ дошт.
**
Ҳавопаймои нақлиётии худкори Ҷумҳурии Мардумии Чин “Tianma-1000” аввалин парвози озмоишии худро бомуваффақият анҷом дод. Ин ҳавопаймо метавонад то баландии 8000 метр парвоз намояд ва қобилияти борбардории он то 1 тонна мебошад.
***
Олмон аз ширкати “General Atomics Aeronautical Systems” ҳашт адад ҳавопаймои бесарнишини MQ-9B SeaGuardian-ро фармоиш дод.
***
Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА лоиҳаи харитаи роҳро нашр намуд, ки тибқи он то охири соли 2030 аз истифодаи сӯзишвории дорои сурб дар ҳавопаймо даст кашидан пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, мақомоти мазкур ҳушдор медиҳанд, ки ин гузариш метавонад мушкилоти амалиётӣ ба вуҷуд оварад ва татбиқи он аз дастрасии сӯзишвории алтернативӣ ва саҳми бахши хусусӣ вобастагии зиёд дорад.
***
Бо фарорасии соли 2026, ширкати “Air India” таҳти роҳбарии гурӯҳи Tata аввалин ҳавопаймои нави Boeing 787-9 Dreamliner-ро ба Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Индира Гандии шаҳри Деҳлӣ интиқол дод.
***
Маҷаллаи “Travel and Tour World (TTW)” рӯйхати 50 фурудгоҳи беҳтарини ҷаҳон барои соли 2026-ро нашр намуд. Тибқи раддабандӣ, фурудгоҳҳои зерин ба даҳгонаи беҳтарин шомил шудаанд:
1. Фурудгоҳи байналмилалии Дубай (DXB) – Ховари Миёна
2. Фурудгоҳи Чанги Сингапур (SIN) – Осиё ва Уқёнуси Ором
3. Фурудгоҳи байналмилалии Сан-Франсиско (SFO) – Амрикои Шимолӣ
4. Фурудгоҳи байналмилалии Хартсфилд-Ҷексон Атланта (ATL) – Амрикои Шимолӣ
5. Фурудгоҳи байналмилалии Лондон Ҳитроу (LHR) – Аврупо
6. Фурудгоҳи байналмилалии Ванкувер (YVR) – Амрикои Шимолӣ
7. Фурудгоҳи Истанбул (IST) – Аврупо/Авруосиё
8. Фурудгоҳи байналмилалии Торонто Пирсон (YYZ) – Амрикои Шимолӣ
9. Фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад (DOH) – Ховари Миёна
10. Фурудгоҳи байналмилалии Сеул Инчхон (ICN) – Осиё ва Уқёнуси Ором
Дар ин раддабандӣ ба сатҳи истифодаи зеҳни сунъӣ (AI), биометрия, автоматизатсия, таҳлили пешгӯишаванда ва системаҳои устувор дар амалиёти фурудгоҳӣ ва таҷрибаи мусофирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Мутахассисон зикр намуданд, ки минбаъд технологияҳои интеллектуалӣ дигар лоиҳаҳои иловагӣ ё таҷрибавӣ набуда, ба пояи асосии фаъолияти фурудгоҳҳои муосир табдил ёфтаанд.
***
Ширкати “China Southern Airlines” оғози парвозҳоро дар масири Ҳелсинки–Пекин дар назар дорад.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Simple flying, Aviation Source News, China Southern Airlines)