Дар моҳи январи соли 2025, саноати авиатсионӣ бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд, ки яке мушкилии асосӣ таҳдиди ҷорӣ гардидани боҷҳои иловагӣ ва чораҳои эҳтимолии ҷавобӣ ба онҳо буданд. Бо вуҷуди шароити душвор, ширкатҳои ҳавопаймоӣ фоидаи софи рекордии 39,5 миллиард доллари ИМА-ро ба даст оварданд. Бо даромаднокии пешбинишудаи 3,9% дар соли 2026, соҳаи авиатсия яке аз соҳа бо фоидаи пасттарин, ки ҳеҷ гоҳ аз 5% зиёд нашудааст, боқӣ монда, барои як мусофир фоидаи софи пешбинишуда 7,90 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тибқи таҳлилҳо дар соли 2026 хатарҳои зиёде ба миён омада, панҷ самт дар соли ҷорӣ аҳамияти хоса хоҳанд дошт.
1. Парокандагии сиёсат
Тадбирҳои сиёсӣ бидуни назардошти таъсири онҳо ба шабакаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла занҷираҳои таъминот, соҳаҳои алоҳида, мисли нақлиёти ҳавоӣ, ба манфиати шахсӣ нигаронида шудаанд, қабул карда мешаванд. Фаъолияти Муассисаҳои байналмилалӣ низ ба фаъолияти 80-солаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ таҳдид намуда, ҳамоҳангсозии ҷаҳониро халалдор мекунанд. Айни замон, созмонҳои гуногун барои муайян кардани роҳҳои ҳалли мушкилии партовҳои CO₂ аз нақлиёти ҳавоӣ рақобат менамоянд. Сиёсатҳои парокандашудаи андоз боиси таҳрифи ҷиддии рақобат мегардад, ки дар тамоми шабакаи ҷаҳонӣ паҳн мешавад.
2. Вайрон гардидани занҷираи таҳвил
Таъхири зиёд ва доимӣ дар фармоишҳои ҳавопаймо мавҷуд буда, ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Аммо фоидаро ҳифз мекунад, зеро омилҳои парвози ҳавопаймоҳо бо 100% мусофирон дар таърихи авиатсия ба баландтарин сатҳи худ расида истодааст. Вазъияти мазкур рушдро дар беҳтар кардани самаранокии сӯзишвории флоти ҷаҳонӣ бозмедорад ва декарбонизатсияи соҳаро коҳиш медиҳад.
3. Хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим
Хатарҳо ба монанди обу ҳавои шадид ва тағйирёбии нархҳо ба ашёҳои хом метавонанд ба кишоварзӣ, инфрасохтор, тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ таъсир расонанд. Барои гузариши муваффақона ба энергияи тоза, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки ҳадафи онҳо то соли 2050 ба сифр партовҳои карбон расидан аст, ба сиёсати устувор ва маблағгузории боэътимод ниёз доранд. Коҳиш ёфтани қарорҳои ҳамоҳангшуда оид ба иқлим дар тамоми ҷаҳон бешубҳа пешрафтро дар ҳамаи ин самтҳо коҳиш медиҳад. Дар натиҷа афзоиши норасоии ғизо ва об, инчуни афзоиши муҳоҷират ба миён меояд. Қарорҳои кишварҳо дар бораи қабул ё рад намудани муҳоҷирон ба сайёҳони байналмилалии ҳавоӣ таъсир мерасонанд.
4. Таҳдидҳои киберӣ ва зеҳни сунъӣ
Таҳдидҳои киберӣ торафт бештар ва ҷиддӣ гардида, омезиши хатарҳо ва осебпазириҳои зеҳни сунъӣ ба ҳамлагарон қудрат бахшида, ноустувории геополитикӣ заминаи мусоид барои рушди онҳоро фароҳам меорад ва вобастагии рақамӣ занҷираҳои таъминотро дар хатарҳои боз ҳам бузургтар қарор медиҳад. Вобастагии соҳаи авиатсия ба инфрасохтори муҳим шабакаи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоиро дар баробари ҳамаи дигар соҳаҳои шабакавӣ махсусан осебпазир мегардонад. Зеҳни сунъӣ хатарҳои марбут ба маълумоти нодуруст, аз даст додани махфият ва коҳиши эътимодро илова бар хатарҳое, ки метавонанд ба халалдоршавии иқтисодӣ, аз даст додани ҷойҳои корӣ ва афзоиши нобаробарӣ оварда расонанд, илова мекунад.
5. Пешгӯии макроиқтисодӣ
Арзиши берунаи доллари ИМА барои иқтисоди ҷаҳонӣ аз сабаби саҳми бартаридоштаи он дар пардохтҳои фаромарзӣ муҳим аст. Дар муддати хеле тӯлонӣ, коҳиши тамоюли асъори мазкур низ мушкилиҳои гуногунро ба миён овард, ки ин тамоюл дар соли 2026 низ идома меёбад. Ҳамзамон, бозори нафт тағйироти назарраси сохториро аз сар мегузаронад. Ҳатто дар ҳоле ки талабот коҳиш меёбад, пешниҳод афзоиш меёбад, ки боиси ҷамъшавии захираҳо ва фишори пастравии нархҳо мегардад – боз ҳам хабари хуш барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад.
Дар ҳолати маҳдудияти сиёсат, дарёфти стратегияҳои хуб барои рушд ва шукуфоӣ душвор аст. Аммо, гузариши муштараки энергетикӣ ва нақлиёти ҳавоӣ стратегияи рушди беназири умедбахшро пешниҳод мекунанд, ки метавонад кишоварзиро беҳтар, муҳити зисти табииро барқарор, истиқлолияти энергетикиро таъмин, пойгоҳи андозро васеъ намуда, ба тиҷорати байналмилалӣ мусоидат намояд, инсонҳоро бо ҳам пайвандад, инноватсияро дастгирӣ ва ҳосилнокиро афзоиш диҳад. Ҳамаи ин манфиатҳо бо ҳамдигар таъсири мутақобилаи динамикӣ ва мусбат доранд, ки сиёсати анъанавии иқтисодӣ метавонад тавассути чораҳои сиёсӣ, коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ ё коҳиши андоз ба даст орад, хеле бештар аст.
Дар фарҷом зикр бояд намуд, ки имрӯзҳо саноати авиатсионӣ 87 миллион ҷойҳои кориро дастгирӣ намуда, 4% ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад. Нақлиёти ҳавоӣ на танҳо парвоз буда, балки як муҳаррики рушд ба ҳисоб меравад.