DataLife Engine / ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Соли нав - фаро расидани рӯҳи нав, ниятҳои тоза ва марҳилаи дигари созандагист. Соли 2026-ро бо орзуҳои нек ва умеди фардои шукуфон истиқбол мегирем. 

Бо истифода аз фурсат, ҳар яки шуморо ба ифтихори Соли нави мелодӣ сидқан табрик гуфта, бароятон рӯзгори осуда, файзу баракат, саломатии бардавом ва саодати хонадонро орзумандам.

Соли гузашта барои мо як соли талошу заҳмати софдилона ва боз як қадами устувор дар роҳи рушду такомули соҳаи аэронавигатсияи кишвар буд. Бо заҳмати дастаҷамъӣ, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан тавонистем бехатарии парвозҳоро дар фазои Тоҷикистон таъмин намуда, эътимоди шариконро бештар гардонем.

Имрӯз Корхони воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун ниҳоди муҳим дар арсаи авиатсияи гражданӣ, рисолати бузурги хешро дар амнияти ҳавоӣ ва робитаҳои байналмилалӣ бо сари баланд иҷро мекунад.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо ба оянда бо бовару неруи тоза менигарем.

Бигзор Соли нави мелодии 2026 барои ҳамаи мо - соли тавсеаи имкониятҳо, таҳкими дастовардҳо ва шодиву баракат гардад!

Соли нави мелодӣ муборак, фазои Тоҷикистони азиз ҳамеша орому бехатар бошад!

      Бо эҳтиром, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

      Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон 

Сегодня, 11:39
Вернуться назад