DataLife Engine / АВВАЛИН ТАЛАБОТ ОИД БА ҶУБРОНИ ПАРТОВҲОИ ГАЗИ КАРБОН БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ

АВВАЛИН ТАЛАБОТ ОИД БА ҶУБРОНИ ПАРТОВҲОИ ГАЗИ КАРБОН БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ

Пас аз нашри ҳисоботи нави Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), ҳукуматҳо ба зудӣ ширкатҳои ҳавопаймоиро оид ба аввалин талаботи худ тибқи Нақшаи ҷуброн ва коҳиши карбонии ICAO барои авиатсияи байналмилалӣ (Carbon Offsetting and Reduction Scheme for International Aviation – CORSIA) огоҳ хоҳанд намуд.

Ҳадафи асосии CORSIA таъмини афзоиши бетарафи карбон (углеродно-нейтралӣ) мебошад. Аз санаи пешниҳоди ҳисобот, ин санад барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ӯҳдадориҳои мушаххас ва амалӣ пешбинӣ менамояд.

ICAO суръати афзоиши авиатсияи байналмилалиро барои соли 2024 таҳлил намуда, ба ҳукуматҳо имконият фароҳам овард, ки миқдори партовҳои CO₂-ро, ки ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ бояд ҷуброн намояд, муайян кунанд. Ин иқдом бо назардошти талаботи дахлдори Конвенсияи соли 1944 оид ба авиатсияи байналмилалии гражданӣ анҷом дода мешавад.

Шаффофият-унсури асосии усули CORSIA мебошад. 

Мувофиқи стандартҳо ва амалияҳои тавсияшудаи Конвенсия, маълумоте, ки 99% партовҳои CO₂-ро дар соли 2024 фаро мегирад, аз ҷониби 128 давлат ба ICAO пешниҳод шудааст. ICAO, бо риояи тартиби мувофиқашуда, инчунин партовҳои даҳ давлати иловагиро, ки маълумоти худро пешниҳод накардаанд, ҳисоб намудааст. 

Маълумоти ин 138 давлат барои ҳисоб кардани рушди ҷаҳонии авиатсияи байналмилалии гражданӣ истифода шудааст. Бо татбиқи арзише (омили афзоиши бахш барои соли 2024-0.15405257), ки 12 декабри соли 2025 нашр гардидааст, ба маълумоти партовҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ, ҳукуматҳо метавонанд миқдори CO₂-ро, ки бояд ҷуброн карда шавад, ҳисоб намоянд.

Маълумот оид ба партовҳо ва дигар иттилооте, ки аз тарафи кишварҳои узв тавассути Феҳристи марказии CORSIA пешниҳод мешавад, дар сомонаи расмии ICAO дар баробари ҳуҷҷатҳои ҳамаҷонибаи CORSIA нашр мегардад. 

Мубодилаи ошкорои маълумот ба ҳисоботдиҳӣ мусоидат мекунад ва ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тасвири равшани пешрафти дастаҷамъона дар самти татбиқи босуботи нақшаро фароҳам меорад.

ICAO дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв барои таъмини татбиқи самаранок ва такмили пайвастаи ин нақша, чаҳорчӯби танзимкунанда, тақвияти иқтидор ва дастгирии техникиро идома хоҳад дод.

Вчера, 16:15
Вернуться назад