Тибқи пешгӯии пешакии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), даромади ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар соли 2026 ба нишондиҳандаи рекордӣ-1 триллион доллари ИМА мерасад. Ин рақам нишондиҳандаи афзоиши устувори талаботи ҷаҳонӣ ба сафарҳои ҳавоӣ, ҷараёни баланди сайёҳӣ ва барқароршавии мунтазами парвозҳои дарозмуддат мебошад. Аммо, омезиши мураккаби хатарҳои геополитикӣ, тандурустӣ, иқлим ва бехатарӣ метавонад ин суръатро халалдор кунад.
Гузориши нави ширкати “Riskline” нишон медиҳад, ки муҳити фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ торафт осебпазиртар мешавад. Дар ин таҳқиқот шаш мушкилоти муҳими соҳа дар соли 2026 муайян шудаанд:
1. Талабот заиф намешавад, аммо пешгӯии он душвортар мегардад.
Интизор меравад, ки талабот ба сафарҳои ҳавоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ коҳиш намеёбад, аммо шакли он парокандатар мешавад. Авҷи сайёҳӣ ба давраҳои тӯлонӣ паҳн шуда, дар айни замон, сафарҳои корӣ нобаробар барқарор мешаванд. Илова бар ин, маҳдудиятҳои ҷорӣ дар самти сайёҳии аз ҳад зиёд - аз ҷумла андозҳои сайёҳӣ ва манъ кардани иҷораҳои кӯтоҳмуддат - метавонанд ба ин раванд таъсири манфӣ расонанд.
2. Эпидемия, пандемия ва карантин ба мушкилоти доимии амалиётӣ табдил меёбанд.
Эҳтимоли мавҷҳои нави COVID-19, зуком ва дигар вирусҳои роҳи нафас, бахусус дар мавсимҳои авҷи сафар, ба соҳаи авиатсия фишори пайваста меорад. Шиддат гирифтани эпидемияҳо метавонад боиси ҷорӣ шудани чораҳои нави танзимкунӣ гардад- аз талаботи санҷиш барои мусофирон то риояи протоколҳои беҳдоштӣ аз ҷониби экипаж. Гармии шадид ва ифлосшавии ҳаво низ ба кори фурудгоҳҳо - хусусан дар шаҳрҳои бузург ва минтақаҳои баргузории чорабиниҳо - таъсири бештар мерасонад.
Ин барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ чӣ маънӣ дорад? Фаъолияти бемамониати экипаж ба масъалаи муҳими банақшагирии стратегӣ табдил меёбад.
3. Хатарҳои иқлимӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил меёбанд, на истисно.
Тибқи пешгӯии ширкати “Riskline”, тағйирёбии иқлим акнун як падидаи такроршаванда ва маъмулӣ шудааст. Сӯхторҳои ҷангал, гармои шадид, тӯфонҳо ва сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво ба як воқеияти доимӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдил ёфтаанд. Ин падидаҳо, пеш аз ҳама, ба фаъолияти ширкатҳо дар минтақаҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Осиё ва Уқёнусия таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
4. Хатарҳои амниятӣ беш аз пеш бо фурудгоҳҳо ва фазои ҳавоӣ вобастагӣ пайдо мекунанд.
Афзоиши истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар наздикии фурудгоҳҳо, корпартоии кормандон ва низоъҳои марзӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъсири бевосита мерасонанд. Шиддатёбии вазъи геополитикӣ хароҷоти суғуртаро зиёд намуда, маҳдуд шудани фазои ҳавоӣ боиси тӯлонитар шудани масирҳо ва афзоиши истеъмоли сӯзишворӣ мегардад.
5. Таҳдидҳои киберӣ.
Тибқи арзёбии таҳлилгарони ширкати “Riskline”, ҳамлаҳои киберӣ, набудани иттилооти зарурӣ ва саривақтӣ (дезинформация), инчунин қатъ гардидани фаъолияти инфрасохторҳо ба гурӯҳи таҳдидҳои гибридии афзоянда дохил мешаванд.
Маҳз дар минтақаҳое, ки авиатсия ба низомҳои рақамии зич пайваст мебошад, чунин хатарҳо бештар эҳсос мешаванд. Қатъи фаъолияти низомҳо на танҳо барои мусофирон мушкилӣ эҷод менамояд, балки метавонад фаъолияти тамоми флоти ширкати ҳавопаймоиро фалаҷ кунад, ба кори экипажҳо халал расонад ва якчанд фурудгоҳро аз фаъолият боздорад.
Бехатарии киберӣ акнун танҳо масъаларо ба бахши технологияҳои иттилоотӣ маҳдуд намекунад, балки ба масъалаи идоракунии роҳбарият табдил ёфтааст.
6. Дар замони ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, обрӯ ва эътимод ба масъалаи калидӣ табдил меёбад.
Ширкати “Riskline” пешгӯӣ мекунад, ки дар соли 2026 нокомӣ ва мушкилоти кори амалӣ як падидаи муқаррарӣ мегарданд, на ҳолатҳои истисноӣ. Сайёҳон пайваста ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои вобаста ба амният ва низоъҳои сиёсӣ дучор мегарданд.
Дар чунин вазъ, коршиносон тавсия медиҳанд, ки масъулон ва мутахассисони соҳаи авиатсия ба сифати иттилоот, саривақтӣ ва суръати вокуниш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро дар шароити ноустувор, агар мусофирон маълумоти зарурӣ ва саривақтиро дастрас накунанд ва дастгирӣ ба онҳо пешниҳод нашавад, онҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ эътимоди худро аз даст хоҳанд дод.