Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳамчун як санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҷамъбасти марҳалаи муайяни рушд ва ҳамзамон муайянкунандаи дурнамои минбаъдаи давлат ба ҳисоб меравад. Ин Паём натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва масъулиятшиноси сарвари давлат буда, дар он вазъи воқеии ҷомеа, иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо назари таҳлилӣ ва воқеъбинона баррасӣ гардидааст.
Дар оғозии Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир зоҳир намуда, таъсири равандҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалиро ба рушди кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба рушд, таъкид намуданд. Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти ҷаҳонӣ амалӣ гардида, таъмини суботи сиёсӣ, устувории иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.
Дар заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Пешвои миллат ба масъалаи рушди инфрасохтор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Роҳҳо, энергетика ва нақлиёт ҳамчун пояи асосии рушди иқтисод арзёбӣ шуданд. Инфрасохтори рушдёфта на танҳо минтақаҳоро бо ҳам мепайвандад, балки шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ҳамгироии иқтисодиро фароҳам меорад.
Дар ин замина, рушди нақлиёти ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои мамлакат дар Паём мавқеи муҳим гирифт. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки фурудгоҳҳо ҳамчун дарвозаи ҳавоии кишвар, на танҳо иншооти нақлиётӣ, балки омили муҳими иқтисодӣ ва обрӯву эътибори давлат мебошанд. Навсозӣ ва рушди фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, сатҳи бехатарии парвозҳо, сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии соҳаи авиатсияро баланд мебардоранд. Рушди ин соҳа ба афзоиши сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди боркашонии ҳавоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат намуда, Тоҷикистонро ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ боз ҳам наздиктар месозад.
Дар идомаи Паём рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳамчун меҳвари асосии сиёсати давлатӣ таҳлил шуд. Сарвари давлат бо далелу рақамҳои мушаххас нишон доданд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, соҳаҳои воқеии иқтисод нақши рӯзафзун пайдо кардаанд. Таъкид ба диверсификатсияи иқтисод, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ гувоҳи он аст, ки давлат роҳи гузариш аз иқтисоди вобаста ба иқтисоди истеҳсолгар ва рақобатпазирро пеш гирифтааст.
Дар ҳамин замина, масъалаи саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар матраҳ гардид. Пешвои миллат саноатро омили асосии рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ намуданд. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат низ мусоидат мекунад, зеро саноат рушди минтақаҳо ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатиро таъмин менамояд.
Низоми молиявию бонкӣ низ дар Паём мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Пешвои миллат зарурати тақвияти суботи молиявӣ, такмили фаъолияти бонкҳо, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкиро таъкид намуданд. Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди иқтисод бидуни низоми муосир ва шаффофи молиявӣ ғайриимкон аст ва давлат дар ин самт ислоҳоти пайгиронаро идома медиҳад.
Ҳамзамон, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисод баррасӣ гардид. Таъкид ба беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, коҳиши монеаҳои маъмурӣ ва дастгирии бахши хусусӣ нишон медиҳад, ки давлат соҳибкориро ҳамчун шарики асосии худ дар рушди иқтисодӣ мешиносад. Ин сиёсати иқтисодӣ ба ташаккули синфи миёна ва таҳкими пояҳои иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар идомаи мантиқии Паём, сиёсати иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ мавқеи хосро ишғол намуд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки рушди иқтисодӣ танҳо дар сурате арзишманд аст, ки ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум оварда расонад. Дар ин замина, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок зикр гардиданд. Рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат заминаи рушди дарозмуддати давлат маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, такмили соҳаи тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчун нишонаи давлати иҷтимоӣ арзёбӣ гардид.
Дар идомаи Паём, Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки сиёсати иҷтимоии давлат бояд пеш аз ҳама ба қадршиносии меҳнати шаҳрвандон ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои асосии ҷомеа равона гардад. Дар ин замина, бо дарназардошти вазъи иқтисодӣ ва зарурати дастгирии қишрҳои калидии ҷомеа, пешниҳод гардид, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, инчунин дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат рушди соҳаҳои иҷтимоиро на танҳо дар сухан, балки дар амал ҳамчун авлавияти сиёсати худ мешиносад.
Ҳамзамон, бо дарназардошти нақши калидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар таъмини амният, суботи сиёсӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин тадбир на танҳо як дастгирии молиявӣ, балки иқдоми муҳими иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, ба баланд бардоштани масъулият, ҳавасмандии касбӣ ва устувории кадрӣ дар ин сохторҳо мусоидат менамояд.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ низ Паём хусусияти таҳлилӣ дошта, сиёсати сулҳҷӯёна, мутавозин ва фаъолонаи Тоҷикистонро инъикос намуд. Пешвои миллат нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим ва амнияти минтақавӣ таъкид карда, ҳамкориҳои байналмилалиро ҳамчун омили муҳими рушди устувор арзёбӣ намуданд.
Дар баробари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Паём дорои муҳтавои амиқи маънавӣ ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Дар ин замина, бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни бузурги миллӣ, пешниҳод гардид, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад. Ин иқдом на танҳо аҳаммияти рамзӣ, балки аҳаммияти амалӣ дошта, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаро ба амалҳои созанда, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа сафарбар менамояд.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 санади мукаммал, таҳлилӣ ва роҳнамо мебошад, ки дар он ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳам пайваста ва дар робитаи мантиқӣ баррасӣ шудаанд. Ин Паём нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат бо қадамҳои устувор ба сӯи давлати муосир, иҷтимоӣ ва рақобатпазир ҳаракат дорад ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохториро ҳамчун як маҷмӯи ягона мебинад.
Ҳусниддин Холзода
сардори Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”