DataLife Engine / ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

16 декабри соли 2025 ҳайати кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва кормандони филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.

 

Зимни таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва “даврагӣ”, гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

    

Пешвои муаззами миллат ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад. Бо мақсади сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарият ва саҳми кормандон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” нақша чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин замина чораҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардидааст. 

Лозим ба ёдоварист, ки кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, аз баромади ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки барои мардуми кишвар роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ маҳсуб меёбад, дар соли 2026 босамар истифода менамоянд.

 

                                                                            Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

16 дек
Вернуться назад