Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва кормандон, инчунин муқаррар кардани стандартҳои нав барои тамоми соҳаи авиатсия, ширкати “Riyadh Air” аввалин ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон гардид, ки бо шарикии ширкати “IBM Consulting” аз зеҳни сунъӣ истифода мебарад. Дар доираи хизматрасонии мазкур, аз 9 декабри соли 2025 парвозҳои санҷишӣ дар ин самт оғоз гардид. Аввалин парвозҳои тиҷоратӣ барои аввали соли 2026 ба нақша гирифта шудаанд.
***
Ҳавопаймои аз ҳама зудпарвози гражданӣ — Bombardier Global 8000, ба ширкати “Chartright Air Group” дастрас гардид.
***
Додгоҳи халқии ноҳияи Чаояни шаҳри Пекин аз ширкати “Malaysia Airlines” талаб намуд, ки ба оилаҳои шаҳрвандони чинӣ, ки дар суқути ҳавопаймои MH370 дар соли 2014 ҳалок шудаанд, ҷубронпулӣ пардохт намояд.
***
Аз 15 декабри соли 2025, ширкати “Победа” хизматрасонии “Бағоҷи дастӣ”-ро роҳандозӣ менамояд, ки ба мусофирон имкон медиҳад ҷои иловагӣ барои ашё бо андозаи то 55 × 40 × 25 см бидуни маҳдудияти вазн харидорӣ намоянд.
***
Ширкати ҳавопаймоии Туркия — “Pegasus Airlines”, ширкати “Czech Airlines” ва оператори онро бо арзиши 154 миллион евро (180 миллион доллари ИМА) харидорӣ менамояд.
***
Ширкати “Turkish Airlines” дар чаҳорчӯби шарикии худ бо ширкати “Samsung” хизматрасонии “Smart Tagged Baggage Service”-ро роҳандозӣ менамояд, ки ба мусофирон имкон медиҳад бағоҷи худро дар вақти воқеӣ пайгирӣ намоянд.
***
Аз 19 декабри соли 2025, ширкати “Cambodia Airways” парвозҳоро аз Владивосток ба Макао оғоз мекунад, ки ин ба мусофирон имконият медиҳад дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз Макао ба Ҳонконг, Шенҷен ва Чжухай сафар намоянд.
***
5-уми декабри соли 2025, ширкатҳои “Etihad Airways” ва “Condor” шарикии стратегиро эълон карданд. Дар доираи ин ҳамкорӣ, парвозҳои мустақими ҳаррӯза миёни Олмон ва Абу-Дабӣ аз тобистони соли 2026 оғоз хоҳанд ёфт.
***
Ширкати “AirHelp” натиҷаҳои рейтинги солонаи худро нашр намуд. Тибқи рӯйхати мазкур, ширкати “Etihad Airways” бо холҳои 8.07 дар мақоми аввал қарор дорад. Ширкатҳои “Virgin Atlantic”, “Qantas”, “KM Malta Airlines”, “Aeromexico”, “Oman Air”, *“Saudia”, “Brussels Airlines” ва “LOT Polish Airlines” низ дар рӯйхати беҳтаринҳо ҷой гирифтаанд.
***
7-уми декабри соли 2025, ширкати “Sichuan Airlines” парвозҳоро дар хатсайри Ченду – Окленд (Зеландияи Нав) барқарор намуд.
***
3-юми декабри соли 2025, ширкатҳои “China Southern Airlines” ва “Iberia” расман дар шаҳри Мадрид Созишномаи муштарак оид ба мубодилаи рамзҳоро ба имзо расониданд.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)