Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои гузаштани омӯзиш ва гирифтани сертификатҳои дахлдор барои таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.
8 декабри соли 2025 дар доираи маросими ифтитоҳи барномаи омӯзишӣ, миёни мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот баргузор гардида, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ҳамзамон бо талошҳои роҳбарияти корхона долони нави ПОМИР – АГВУТ ифтитоҳ гардида, дар баробари густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷуғрофияи парвозҳо низ васеъ гардид.
Имрӯз ҳамкориҳо дар соҳаи аэронавигатсия низ миёни Тоҷикистону Чин ба сатҳи нав баромада, такмили ихтисоси мутахассисони таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ оғоз гардид. Ҳамзамон, дар доираи сафари худ мутахассисони тоҷик аз манораи муназзимӣ дар Урумчӣ дидан ба амал оварда, барои иштирокчиён боздид аз симулятори идоракунии ҳаракати ҳавоии 180-дараҷа ташкил гардид.
Таъкид ба ёдоварист, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки аэронавигатсионӣ миёни Тоҷикистон ва Чин барои беҳтар намудани инфрасохтори навигатсионӣ, мубодилаи таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ равона гардида, ин омӯзиш дар доираи лоиҳаҳои мазкур амалӣ мегардад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”