DataLife Engine / ЛОИҲАИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» МУҲОКИМА ГАРДИД

ЛОИҲАИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» МУҲОКИМА ГАРДИД

3 декабри соли 2025 зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаи якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз ҷумла, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти мутобиқ гардонидан ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо ба Конвенсияи авиатсияи граждании байналмилалӣ (Чикаго, 1944) таҳия гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба такмили асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии фаъолияти авиатсияи гражданӣ, назорати самараноки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва ҳамоҳангсозии меъёрҳои миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон ба лоиҳа бо мақсади пурраю равшантар ва оммафаҳм будани Кодекси фазои ҳавоӣ мафҳумҳои асосӣ ва моддаҳои нав дар мавзуи санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия, фаъолият оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионии назоратшаванда, нозирони авиатсионӣ, ҷалби мутахассисон ба гузаронидани фаъолияти сертификатсионию назоратӣ ва таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ илова карда шуданд.

3 дек
Вернуться назад