Ҳамкасбони муҳтарам ва ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи сарбаландии давлату миллати тоҷик – самимона табрик мегӯям.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлол, ваҳдат, сарҷамъӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи хосса дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи расмии давлату давлатдорӣ ба намунаи ифтихор ва гиромидошти арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар парафшон аст, ва ҳар як сокини мамлакат онро ҳамчун рамзи ягонагӣ, субот ва ифтихори миллӣ бо эҳтироми баланд мепазирад. Кормандони соҳаи аэронавигатсия низ дар ин раванд саҳми арзанда гузошта, дар зери ин парчами шарафманд содиқона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
Мо бо итминон гуфта метавонем, ки зери Парчами давлатӣ, бо нерӯи ҳамбастагӣ ва масъулияти баланд ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорем.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, бароятон саломатӣ, комёбиҳои нав ва рӯҳияи баланди ватандорӣ орзу менамоям.
Поянда бод Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!