Санаи 14 ноябри соли 2025, дар толори маҷлисии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони корхона чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро муовини аввали директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода, ифтитоҳ намуда аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” муҳтарам Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихиву сиёсӣ самимона табрик гуфт. Мавсуф дар баромади худ нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои Истиқлол, барқарорсозии сохторҳои давлативу ҳаёти осоишта ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои кишвар, махсусан авиатсияи гражданӣ таъкид намуд.
Сипас, муовини директори генералии корхона Раҳимҷон Саидзода суханронӣ намуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди низоми аэронавигатсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ арзишманд арзёбӣ кард.
Дар идома, раиси Иттифоқи касабаи корхона Исроил Нуралиев баромад намуда, гуфт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як корманди соҳа ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ рамзи садоқат ба Ватан, давлат ва Пешвои миллат буда, таҷлили он бо ифтихор ва эҳтиром сурат мегирад.
Ҳамзамон, сардори Раёсати рушд Фирӯз Муҳаммадаминшоев ва муҳандиси гурӯҳи пешгӯии метеорологӣ Шаҳноза Қодирова баромад намуда, қайд карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат инфрасохтори аэронавигатсионӣ бозсозӣ гардида, хатҳои нави парвоз, низоми муосири назорат ва ташкили хизматрасонии аэронавигатсионӣ роҳандозӣ шуданд.
Маърӯзачиён таъкид карданд, ки дастовардҳои имрӯзаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” натиҷаи сиёсати дурбинона ва ҳадафмандонаи Сарвари давлат мебошанд, ки ҳамеша ба рушди кадрҳои миллӣ, таъмини амнияти парвозҳо ва ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи авиатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ваҳдати ҳамкорӣ ҷамъбаст гардид.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”