DataLife Engine / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4-юми ноябри соли 2025 дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии тантанавии бошукӯҳ бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. 

 

Дар оғози ҳамоиш муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии корхона, Лоиқ Бегиҷонзода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ба рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ хизмат мекунад.

 

Сипас, сухан ба роҳбари Дастгоҳи директори генералии корхона, Сироҷзода Эмомназар, дода шуд. Ӯ дар маърӯзаи худ зикр кард, ки нақши Конститутсия дар таҳкими волоияти қонун ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимият бениҳоят бузург аст ва татбиқи меъёрҳои он вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад. 

 
  

Ҳамзамон, сухан ба сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, Шараф Иззатуллоев, дода шуд, ки дар баромади худ таъкид дошт, Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дорад ва иҷрои қатъии он барои рушди давлат зарур мебошад. 

     

Дар идомаи чорабинӣ раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, Исроил Нуралиев, ба сухан баромад. Ӯ зикр кард, ки риояи ҳуқуқ ва арзишҳои Конститутсия вазифаи ҳамаи кормандон аст ва муттаҳидии коллектив дар таҳкими арзишҳои давлатӣ нақши муассир дорад. 

Ҳамзамон, минбари сухан ба сардори шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодӣ, Шокарим Сафармамадов, дода шуд. Ӯ гуфт, ки таҷлили Рӯзи Конститутсия барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва рушду пешрафти корхона аҳамияти муҳиму устувор дорад.

 

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва кормандони корхона дар татбиқи сиёсати давлатии ҳуқуқӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва рушду пешрафти соҳаи авиатсия саҳми арзанда доранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дастовардҳои имрӯзаи соҳа ва таҳкими волоияти қонун натиҷаи сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва ҳамоҳанг баргузор шуда, аҳамияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва рамзи давлатдории миллӣ боз ҳам равшан гардид.

   

                                                                           Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Вчера, 15:18
Вернуться назад