Ширкати “Flyadeal” нақша дорад, ки то охири соли 2026 парвозҳоро миёни фурудгоҳҳои Даммом, Ҷидда ва Риёз ба шаш шаҳри Ҳиндустон роҳандозӣ намояд.
***
Дар натиҷаи қатъи фаъолияти ҳукумати ИМА, табдил додани ҳавопаймои боркашонии Mammoth 777-и ширкати “Qatar Cargo” ба таъхир афтод.
***
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо аз афзоиши арзишҳо дар Британияи Кабир изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ҳамин замина, ширкатҳои “Ryanair” ва “Wizz Air” ҳушдор доданд, ки афзоиши минбаъдаи андозҳо ва пардохтҳои фурудгоҳӣ метавонад боиси коҳиши парвозҳо дар ин кишвар гардад.
***
Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” расман аз бонки “Bank of China” бо маблағи 408,5 миллион доллари ИМА қарзи панҷсола гирифт, ки ин маблағҳо барои дастгирии васеъ кардани флот, ташаббусҳои рушд ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар маркази асосии худ, фурудгоҳи Истанбул (IST), истифода хоҳанд шуд.
***
Корпоратсияи бонкии Ҳонконг ва Шанхай эълон намуд, ки хариди шаш адад ҳавопаймои Airbus A350-900 барои ширкати ҳавопаймоии “Gulf Emirates” тавассути лизинги амалиётии Ҷопон маблағгузорӣ шудааст, ки ин бозгашти ширкати “Emirates” ба бозори лизинг пас аз танаффуси қариб шашсоларо ифода мекунад.
***
Дар доираи омодагӣ ба оғози истифодаи аввалин ҳавопаймои Boeing 737 Max 10 дар баҳори соли 2027, ширкати “Ryanair” нақша дорад, ки дар тӯли се соли оянда ҷалби сарнишинонро суръат бахшад.
***
Ширкатҳои “Qatar Airways” ва “Air Algérie” созишнома оид ба мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд. Созишномаи мазкур робитаҳои Алҷазоирро бо бозорҳои калидии Осиё ва Ховари Миёна фароҳам меорад.
***
31 октябри соли 2025, фурудгоҳи Қазон ва ширкати “Air Arabia” барномаи нави парвозҳои мунтазами ҳафтаинаро ба шаҳри Рас-ал-Хайма оғоз карданд.
***
2 октябри соли 2025, дар натиҷаи мушкили техникии номаълум, парвози ширкати “Air India”, ки аз Сан-Франсиско ба Калкутта роҳандозӣ шуда буд, ба Улан-Батори Муғулистон равона гардид.
***
Ширкати “Airbus” аввалин ҳавопаймои Airbus A330-900-ро ба ширкати “Hainan Airlines” таҳвил дод.
***
Аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Узбекистон барои шаҳрвандони ИМА вуруди бидуни раводидро ҷорӣ менамояд
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying,)