DataLife Engine / БАЛЕ, ДАР ҲАВО НИЗ ТАНБАШАВӢ БА МИЁН МЕОЯД

БАЛЕ, ДАР ҲАВО НИЗ ТАНБАШАВӢ БА МИЁН МЕОЯД

Дар шароити муосир, танбашавии киштиҳои ҳавоӣ ҳам дар замин ва ҳам дар ҳаво ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолат ғайрианъанавӣ ва ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Танбашавии ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ-ин ҳолатест, ки дар он шумораи зиёди ҳавопаймоҳо дар як минтақа ҷамъ омада, дар интизори навбат барои фуруд омадан ё парвоз намудан қарор доранд.

Чунин вазъ одатан дар натиҷаи маҳдудиятҳои иқтидори фазои ҳавоӣ, кам будани хатҳои парвозу фуруд, зарурати риояи масофаи бехатар миёни ҳавопаймоҳо, номусоидии обу ҳаво, мушкилиҳои фаннӣ, инчунин корҳои таъмиру сохтмонӣ ба вуҷуд меояд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо ва таъмини бехатарии парвозҳо, танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ҳавопаймоҳоро дар минтақаҳои муайяни интизорӣ ҷойгир менамоянд. Онҳо барои ҳар як ҳавопаймо траектория ё хатсайри муайянро пешбинӣ намуда, дар асоси он иҷозати парвоз ё фурудро медиҳанд, ки ин ба риояи масофаи бехатар кумак мекунад.

Танбашавии ҳаракати ҳавоӣ бештар дар фурудгоҳҳои бузурги байналмилалӣ ва долонҳои серистифодаи фазои ҳавоӣ ба амал меояд. Хусусан дар минтақаҳое, ки ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ баланд ва иқтидори инфрасохторӣ маҳдуд аст, ин мушкил бештар эҳсос мегардад.

Гарчанде ки ҳеҷ як минтақаи ҷаҳон пурра аз ин мушкилот эмин нест, бештар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (шарқи кишвар), Аврупои Ғарбӣ ва қисматҳои Осиё - аз ҷумла Токио, Сеул ва Ҳонконг, чунин таъхирҳо ва танбашавӣ пайваста ба қайд гирифта мешаванд.

• Фурудгоҳҳои асосии байналмилалӣ

Фурудгоҳҳое, ки ҳаҷми интиқоли мусофирон ва бор дар онҳо баланд аст, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Ҳартсфилд-Ҷексон Атланта, Фурудгоҳи Ҳитроу ва Фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ба минтақаҳое шомил мешаванд, ки танбашавии ҳаракати ҳавоӣ бештар ба қайд гирифта мешавад. Дар ин фурудгоҳҳо шумораи зиёди парвозҳо амалӣ гардида, маҳдудияти фазо ё иқтидори камтари хати парвоз метавонад боиси таъхири парвозҳо гардад.

• Долонҳои сербори ҳавоӣ:

Баъзе хатсайрҳои ҳавоӣ, ки марказҳои калони нақлиётиро ба ҳам мепайванданд ё аз минтақаҳои сераҳолӣ мегузаранд, низ метавонанд сабаби танбашавии ҳавоӣ гарданд. Масалан, хатсайрҳои болои Атлантикаи Шимолӣ, ки парвозҳоро миёни Амрикои Шимолӣ ва Аврупо таъмин мекунанд, аксаран сербор буда, назорати дақиқ ва муназзам аз ҷониби идоракунии ҳаракати ҳавоиро талаб менамоянд.

Чораҳои пешгирии танбашавӣ:

Бо мақсади коҳиш додани танбашавии ҳаракати ҳавоӣ, мутахассисон ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавсия медиҳанд, ки ҷадвалҳои парвозҳоро беҳтар созанд, технологияҳои идоракунии ҳаракатро такмил диҳанд, қарорҳои муштарак қабул намоянд ва масирҳои динамикиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Илова бар ин, баланд бардоштани сатҳи касбии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ва роҳандозии ташаббусҳои стратегии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ аз аҳамияти хоса бархурдоранд.

 
23 окт
Вернуться назад