DataLife Engine / НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар толори маҷлисгоҳи фурудгоҳ бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Раҳимҷон Саидзода ва директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зайнулло Шарифзода, мутахассисон ва кормандон баргузор гардид.

 

Зикр гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва ҳадафҳои сиёсати “осмони кушод” роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” диққати худро баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва насби таҷҳизот ва системаҳои аэронавигатисонӣ равона намудааст. 

   

Иттилоъ дода шуд, ки дар муҳлати ҳисоботӣ корхона ва филиалҳои он ба 36 926 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонид, ки нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024, 15, 138 адад, ё ин ки 29% фоиз кам мебошад. Ҳамзамон, шумораи хизматрасонӣ ба парвозҳои транзитӣ 19 718 ададро ташкил медиҳад, ки он низ 43% коҳиши парвозҳои транзитиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишон медиҳад.

Новобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта, дар корхона васлу насби низоми барқдиҳии офтобӣ дар радиостансияи ҷудогонаи оваранда “Файзобод” амалӣ гардида, радиостансияи “Rohde&Schwarz”, дар объекти “Ретранслятори МУРҒОБ” пас аз таъмир ба истифодабарӣ дода шуд. Ҳамзамон васлу насби таҷҳизоти низоми овозии навини “VCS 3020X” дар Душанбе пурра муҷаҳҳаз карда шуд.

    

Аз 16 то 19 сентябри соли 2025 аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардидани ҷаласаи махсуси гурӯҳи ҳамоҳангсозии минтақавии RDGE-SCM/2025 таҳти роҳбарии намояндаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Хале Свен бо иштироки роҳбарони сохторҳои авиатсионӣ, намояндагон аз 15 кишвари аъзо ва 10 ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ, ҳавасмандии корхонаро дар рушди ҳамкориҳо бо таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ, муаррифии иқтидори хизматрасонӣ ва саҳмгузории корхона дар васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид менамояд.

Дар фарҷом изҳор гардид, ки дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, агентӣ ва мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботҳои байналмилалӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” минбаъд низ чораҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд. 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

21 окт
Вернуться назад