Бо ифтихор ва эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Забони тоҷикӣ, ки реша дар таърихи куҳан ва тамаддуни бойи миллати мо дорад, на танҳо воситаи муошират, балки сарчашмаи худшиносиву ифтихори миллӣ мебошад. Имрӯз, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа устувор гардида, баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардум хизмат мекунад.
КВД "Тоҷикаэронавигатсия" ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар фаъолияти худ забони давлатиро риоя намуда, дар густариши мавқеи он саҳми арзанда гузорад. Ифтихор дорем, ки кормандони Корхона бо эҳтироми баланд ба забони давлатӣ, фаъолияти худро дар заминаи арзишҳои миллӣ ба роҳ мондаанд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи муҳим табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқбол ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони гиромӣ!